20 феврали соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров соати парламентӣ доир шуд, ки дар он тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум вазъи сиёсии ҷаҳон, минтақа ва ҷумҳурӣ баррасӣ гардид.
Дар робита, вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Аслов иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи муҳими АвруОсиё, ки Осиёи Марказиро бо нимҷазираи Ҳинду Чин мепайвандад, ҷойгир аст ва дар раванди ҷаҳонии сатҳҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил дар чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ иштироки фаъол дорад, ки он ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати оқилонаву дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои муътабари байналмилалӣ ва минтақавӣ, буда, бо 156 мамлакати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст.
Инчунин, зикр шуд, ки дар партави сиёсати дарҳои кушода Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ, Ассамблеяи парламентии СААД, Парламенти Иттиҳоди Аврупо, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва парламенти кишварҳои дигар ҳамкории судмандро ба роҳ монда, бо беш аз 50 кишвари олам гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ иртиботи фаъолона доранд.
Дар анҷом вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба пурсиши вакилони Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, Зайниддин Сафаров, Мирзодавлат Сабурзода, Сайҷаъфар Усмонзода ва Олимҷон Сафаров посух гуфт.
«Садои мардум»