Эмомалӣ Раҳмон Салоҳиддин Раббониро ба ҳузур пазируфтанд

№47 (3841) 17.04.2018

26623947457_7f27040719_o16 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар ­ҳошияи ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон, минҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва энергетикии минтақавиро, ки ба ҷалби васеи Афғонистон ба раванди ҳамкориҳои минтақавӣ нигаронида шудаанд, махсус таъкид карданд.

Вазъи имрӯзаи амниятии Афғонистон ва минтақа, аз ҷумла дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Афғонистон, дар меҳвари мулоқот қарор дошт.

Ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳоро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир-терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд намуданд.

Мавзӯъҳои дигари мубрами минтақавию байналмилалӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои мавриди баррасӣ буданд.

www.president.tj