17 октябри соли равон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2019 ҷаласа доир гардид.
Муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов қайд кард, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар нуҳ моҳ ба 13,8 миллиард сомонӣ расид ва афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 7 фоизро ташкил дод.
- Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андозу пардохтҳои маҳаллӣ 100 фоиз таъмин ва ба буҷет 851,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 690,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, — зикр намуд ӯ. Дар ноҳияҳои Панҷ, Вахш, Кӯшониён, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз, Қубодиён, Восеъ ва Муъминобод нақшаи андозҳо қисман иҷро шудааст. То ба 1 сентябри соли ҷорӣ бақияпулиҳои андоз ба 174 миллион сомонӣ расидааст, ки бештари онҳо ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Левакант, Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Шаҳритуз рост меояд.
Дар ин давра ба соҳаҳои иқтисодӣ 994,2 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 165,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба соҳаҳои кишоварзӣ 289 миллион сомонӣ (29,2 фоиз), саноат, сохтмон ва нақлиёт 354 миллион сомонӣ (35,6 фоиз), савдо 191 миллион сомонӣ (19,2 фоиз), рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 5,8 миллион (0,6 фоиз) ва дигар соҳаҳо 154,4 миллион сомонӣ (15,4 фоиз) маблағ равона шудааст.
Раҷабалӣ Раҷабов, ҳамчунин, изҳор дошт, ки маблағҳо аз гардиши савдо ба 4790,8 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018-ум 1345,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар маҷмӯъ, афзоиши он 39 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 1503,6 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 70,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Гардиши савдои хориҷӣ ба 278,8 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 11,2 миллион доллари ИМА бештар аст. Яъне афзоиш дар ин самт 4,2 фоизро ташкил додааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят ба 10 миллиарду 311,6 миллион сомонӣ расид (нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 774 миллион сомонӣ зиёд) ва афзоиш 8,1 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра ба маблағи 5 миллиарду 785,7 миллион сомонӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 570,4 миллион сомонӣ зиёд) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд.
- Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 7127 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 октябри соли равон дар 2941 адад бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд, ки аз шумораи умумӣ 41,3 фоизро ташкил медиҳад. Танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 1778 иншоот ба истифода дода шудааст, — гуфт Р. Раҷабов.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз бесифат ва суст будани суръати корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, норасоии муассисаҳои таълимию томактабӣ, таъмирталаб будани роҳҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ изҳори нигаронӣ карда, ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»