Чанде пеш дар маҷлисгоҳи МИҲД вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2019-ум баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид иштирок дошт.
Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ қайд кард, ки рушди кулли соҳаҳои хоҷагии халқ дар давоми сол таъмин гардид. Аз ҷумла, нақшаи қисми даромади буҷет ба андозаи 102 фоиз иҷро ва ба хазина 1924,6 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд. Нақшаи истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноат ба 112 фоиз расид. Нишондиҳандаҳо дар соҳаи сохтмону хизматрасонии пулакӣ, савдои чаканаю яклухт, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, соҳаҳои тандурустиву маориф низ нисбат ба соли қаблӣ беҳтар шуданд.
-Саҳми вилояти Суғд дар рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ басо калон аст. Вале, як зумра мушкилот ба ин нишондиҳандаҳо таъсири манфӣ расонданд. Аз ҷумла, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз мувофиқи табъ набуд,- қайд кард муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид
Ба андешаи мавсуф, агар маблағгузории чор корхонаи муштараки дар ҳудуди вилоят амалкунанда намешуд, иҷрои қисми даромади буҷет имконнопазир мегардид. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба умеди маблағҳои корхонаҳои муштарак нагардида, имкониятҳои дохилиро самаранок истифода барем, сарчашмаҳои нави андозбандиро дарёфт кунем. Маҳз сифатнок иҷро нагардидани нақшаи андоз мӯҷиби ворид нашудани 43,5 млн. сомонӣ ба буҷети вилоят гардидааст. Дар ин замина, масъалаи баргардонии қарзҳои Бонки рушди Аврупо, ки бо дастгирии он танҳо дар шаҳри Хуҷанд се лоиҳа амалӣ шуда истодааст, ба муаммои сарбаста табдил ёфтааст,- афзуд Давлаталӣ Саид ва илова кард: — Фаромӯш накунед, ки сари вақт барнагардонидани қарз сабабгори боздории маблағгузории дигар лоиҳаҳо гардида, ба обрӯву эътибори давлат дар сатҳи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Давлаталӣ Саид, ҳамчунин, аз ғайримақсаднок харҷ гардидани маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби баъзе сохторҳо, ки мақомоти тафтишкунанда ошкор сохтаанд, болоравии содиршавии ҷиноят, хоса, аз тарафи ҷавонон, даст ба худкушӣ задани хонандагони мактабҳои миёна изҳори нигаронӣ карда, ба масъулин дастур дод, ки дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр созанд. Хусусан, имом — хатибонро даъват намуд, ки дар суҳбатҳои худ насли наврасро тибқи таълимоти «Қуръон» ва ҳадис аз хатокорӣ нигоҳ доранд ва ба корҳои созандагиву ободонӣ, хизмат кардан ба халқу Ватан раҳнамун созанд. Дар ин робита қайд гардид, ки аз маҷмӯи ҷиноятҳои рухдода 187 ададаш аз ҷониби ноболиғон содир шудааст. Аз 44 ҳодисаи худкушӣ 41 нафарашонро хонандагони мактабҳои миёна содир намудаанд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ ин нишондиҳанда аз ҳама баланд аст.
Дар интиҳо озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳрак ва ҷамоати деҳот» натиҷагирӣ ва ғолибон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»