Арзу тӯли иқтисод

Мақоми соҳаи молия дар рушди Бадахшон

№6 (3152) 14.01.2014

Мирозочон МирзочоновХабарнигори рӯзномаи «Садои мардум бо сардори Сарраёсати молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзоҷон Мирзоҷонов ҳамсуҳбат шуда, ба чанд суоли худ посух гирифт. 

- Хоҳишмандам дар бораи таъсисёбии мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мухтасар маълумот диҳед. 

- Ташаккули сохтори муташаккилу бонизоми молия аз вақти таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ибтидо мегирад. Комиссариати халқии молия 7 декабри соли 1924 бо Қарори Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон таъсис ёфт. Идораи молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, соли 1925 бо қарори Комиссариати халқии молияи ҶМШС Тоҷикистон таъсис шуд.

Буҷети нахустини вилоят дар шаҳри Самарқанд тартиб дода шуда, ҳамчун таҷрибаи нахустини ташкилёбии буҷети Помир ба шумор мерафт. Он аз рӯйи хароҷот ба маблағи 198.980 рубли русӣ бо нигоҳдории 30 ташкилоту муассиса тасдиқ гардид. Аз ҳисоби буҷет 131 нафар корманд нигоҳ дошта мешуд. Комиссариати халқии маориф дар он давра 18 муассиса, аз ҷумла 17 мактаб, 1 клуб бо нигоҳдории 20 корманд, соҳаи ҳифзулсиҳат 3 пункти тиббӣ, 1 беморхона  барои 5 кат ва 1 беморхонаи дорои 10 кат дошт.

Дар поягузории сохтори бонизоми давлатии молия дар ҷумҳурӣ, омода намудани кадрҳои соҳибихтисоси соҳа Комиссарони халқии молияи РСС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ва Иброҳим Исмоилов нақши назаррас гузоштанд.

Солҳои 1930-1931 ба буҷети маҳаллӣ маблағгузории комиссариати халқии савдо, сохтмон, роҳ ва хоҷагии об вогузор гардида, ҳаҷми буҷет ба 1.705 ҳазор рубл расонида шуд.

Буҷети маҳаллии вилоят то соли 1935 даромадҳои худӣ надошт ва пурра аз ҳисоби дотатсия маблағгузорӣ мешуд. Аз соли 1935 дар буҷети маҳаллӣ даромадҳои худӣ ба нақша гирифта шуданд ва онҳо 13 фоизи буҷетро ташкил медоданд.

То соли 1944 роҳбарии шуъбаи молияи вилоятро намояндагони халқи рус -Недзветский, Манжилеев, Угоров, Табачний ба уҳда дошта, дар тарбияи мутахассисони маҳаллӣ саҳми зиёд гузоштанд. Оғоз аз соли 1944 роҳбарии шуъбаи молияи вилоятро кадрҳои маҳаллӣ -  Ч.Маликов, Ш.Саидиброҳимов, Л.Шаъмиров, Қ.Гадолиев ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ М.Самадов, А.Гиёев, А.Кучакшоев, З.Самадов ба уҳда дошта, дар рушду нумӯи иқтисодиёти вилоят саҳми босазо гузоштанд.

- Мақомоти молияи вилоят дар солҳои истиқлолият ба кадом нишондиҳандаҳо ноил гардид?

- Рушди молияи давлатӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, сол то сол рӯ ба инкишоф ниҳод ва ба ҳалли масъалаҳои беҳдошти сатҳи зиндагонии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин намудани ислоҳот дар сохтори иқтисодиёт ва соҳаҳои иҷтимоӣ, тавозуни микроиқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти идоракунии молияи давлатӣ мусоидат менамояд.

Марҳилаи асосии дигаргуниҳои куллӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла ВМКБ вақте оғоз ёфт, ки ҳуҷҷатҳои асосии ислоҳоти иқтисодӣ- Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чорабиниҳои аввалиндараҷаи ислоҳоти иқтисодӣ ва гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ» ва «Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1995-2000» ба тасвиб расиданд.

Дар ин давра барои таҳкими сиёсати молиявӣ ва иқтисодиёти мамлакат қонунҳои ҳаётан муҳим: «Дар бораи хазинадорӣ», «Дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи қарздории давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», «Дар бораи назорати молияи давлатӣ» қабул шуда, барои пешрафти соҳаи молияи мамлакат заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Соли 2000 Тоҷикистон ба таснифоти нави буҷети даромаду хароҷот пардохт, ки сохтори буҷетиро аз рӯйи принсипҳои тақсимот муайян мекунад. Бо ҷорӣ намудани ин таснифот амалиёти ҳисоб ва ҳисоботдиҳӣ содатар гардид.

Ҳамон сол буҷети вилоят 5.564 ҳазор сомониро ташкил медод ва дар солҳои минбаъда бо суръати баланд афзоиш ёфта, соли 2005 –ум ба 277 47 ҳазор сомонӣ ва соли 2013 бошад, ба 160 668 ҳазор сомонӣ расид. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии вилоят дар ҳафт соли охир беш аз 5 баробар зиёд шуд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2001-ум 26 баробар зиёд гардид. Даромадҳои худии буҷети вилоят дар ҳафт соли охир беш аз 5,5 баробар, дар муқоиса бо соли 2001-ум 24 баробар зиёд гардиданд.

- Иҷрои нақшаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят бо нишондиҳандаҳои буҷет зич алоқаманд аст. Ин алоқамандӣ чӣ тавр таъмин мешавад?

- Тибқи дурнамои тараққиёти соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят, инчунин пешниҳоди муассисаҳо, ташкилотҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳар сол лоиҳаи буҷет барои соли оянда ва ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.

Натиҷаи иҷрои буҷет ҳар семоҳа мавриди баррасии раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо қарор ёфта, дар маҷлисҳои ҷамъбастӣ баррасӣ мешавад ва баҳри беҳтар ба роҳ мондани иҷрои он ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта қарорҳои дахлдор қабул мегардад.

Аз соли 1998 дар вилоят  системаи хазинадорӣ фаъолият дорад, ки он хизматрасонии молиявии идораю муассисаҳо, мақсаднок ва сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетиро назорат мебарад.

Давоми даҳ соли охир кормандони мақомоти молияи вилоят шаш маротиба аз аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати хизмати давлатӣ гузаронида шуд, бомуваффақият гузаштанд.

- Шароити кору зиндагии кормандони мақомоти молия чӣ гуна аст?

- Давоми даҳ соли охир ҳамаи раёсатҳои молия бо таҷҳизот ва техникаи ҳозиразамон пурра таъмин шуданд.

Соли 2008 биноҳои маъмурии раёсатҳои молияи ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоб, соли 2012 бинои маъмурии дуошёнаи замонавӣ бо маҷлисгоҳи Сарраёсати молия мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт. Сохтмони бинои дуошёнаи маъмурии раёсати молияи ноҳияи Шуғнон идома дорад, соли ҷорӣ сохтмони бинои маъмурии раёсати молияи ноҳияи Роштқалъа оғоз мегардад.

Ба вазифаҳои масъули раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони раисони вилоят таъин шудани кормандони мақомоти молия, аз ҷумла Самадов Муҳаммадаюбхон, Гиёев Азиз, Самадов Зикрихудо ва Кучакшоев Акрамхон зуҳуроти ғамхорӣ ва боварии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, боиси ифтихор ва сарфарозии кормандони мақомоти молияи вилоят мебошанд.

Кормандони мақомоти молияи вилоят бо шукргузорӣ аз истиқлолияти Ватан барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо ва рушди бомароми соҳаи молия, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, сари вақт маблағгузорӣ намудани соҳаҳои хоҷагии халқ тамоми чораҳоро меандешанд.

Таҳияи Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»