Дар урфият мегӯянд: дарвозаи шаҳрро пӯшида мешавад, аммо даҳони мардумро не! Ин, албатта, беасос нест. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки имрӯзҳо бобати сирояи коронавирус байни мардум сару садои зиёд аст. Бо вуҷуди баромадҳои расмӣ тавассути расонаҳои хабарӣ оид ба вуҷуд надоштани бемории сироятии COVID-19 дар мамлакат баъзе аз ҳангоматалабон овоза мекунанд, ки гӯё қадами номубораки коронавирус расидааст, аммо масъулин онро пинҳон медоранд. Барои муайян кардани асли воқеа ба сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳом Пӯлотзода муроҷиат кардем. Вай, аз ҷумла, гуфт:
- Ман бо масъулияти том мегӯям, ки ҳодисаи гирифторшавӣ ба бемории коронавирус дар вилоят ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ин моро хотирҷамъ накардааст. Аз ин рӯ, баҳри пешгирии он чораву тадбирҳои мушаххас андешида истодаем. Аз ҷумла, ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки дар хориҷи мамлакат қарор доштанд. То 6 апрел дар маҷмӯъ, зиёда аз 800 нафарро аз карантин ҷавоб дода, боқӣ 1086 нафар зери назорат қарор доранд. Бештари бистаришудагон мардон мебошанд.
Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, дар шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои марказии шаҳру навоҳии вилоят 1030 кат ва 3 беморонаҳои сироятӣ бо 1700 кати захиравии карантинӣ ташкил карда шудааст.
Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тиббии маркази вилоят дорувориҳои зиддивирусӣ ба миқдори 44500 дона (4450 конвалюта), маҳлулҳои безараргардонӣ (дезинтоксикатсионӣ) зиёда аз 11000 шиша, маводҳои муҳофизӣ, ба монанди-ниқоб 152000 дона, респиратор 5000 дона, айнак 600 адад, пойпӯшаки яккарата 5000 дона, корҷомаҳои яккарата ва бисёркарата 4000 адад ва дастпӯшакҳои яккаратаву бисёркарата ба миқдори зиёда аз 120 000 ҷуфт захира гардидааст.
Инчунин, дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ нуқтаҳои санитарию карантинӣ амал мекунад. Мутахассисони эпидемиолог ва сироятшинос бо дастгоҳҳои ҳароратсанҷи фосилавӣ ҳар як шаҳрванди аз сарҳад гузаштаро дақиқ месанҷанд. Наздик ба 2000 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ, ки аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ гузаштаанд, ба муассисаҳои тиббии вилоят тавассути нақлиётҳои махсуси тиббӣ интиқол ва бистарӣ шудаанд.
Ҳоло дар як қатор корхонаҳои дӯзандагӣ тайёр кардани ниқоби тиббӣ вусъат гирифтааст. Бино ба гуфти масъулони шуъбаи саноати Дастгоҳи раиси вилоят, айни ҳол ҶДММ «Ҷавонӣ», «Нассоҷи Хуҷанд» ва сехи дӯзандагии соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи ба номи Ҷ. Расулов Бозорбой Ғолибов фармоиши тайёр кардани ниқобҳои тиббиро гирифтаанд.
-Тибқи фармоиши мизоҷон-муассисаҳои тандурустӣ ва дорухонаҳои шаҳри Хуҷанду ноҳияи ба номи Ҷ. Расулов, 120 нафар дӯзанда то кунун беш аз 10 ҳазор адад ниқоб тайёр карданд, — гуфт Бозорбой Ғолибов. — Аз он ки фармоиш зиёд шуда истодааст, ҳаҷми истеҳсоли онро низ афзун карда истодаем. Айни ҳол ҳар рӯз беш аз 5000 ниқоби тиббӣ дӯхта истодаем.
Тибқи супориш дар муассисаҳои тандурустӣ бояд то 1 млн. ниқоби тиббӣ захира карда шавад.
Масъулон мегӯянд, ки корхонаҳои нассоҷии вилоят барои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ захираи кофӣ дошта, дар ҳолати зарурӣ метавонанд аҳолиро бо ниқобҳои тиббӣ пурра таъмин намоянд.
Мирзоаъзам Мақсудов,
«Садои мардум»