Ба мо муроҷиат мекунанд

Намедонам чӣ кор кунам?

№89 (4195) 23.07.2020

СтарикМарди солхӯрдае дари ҳуҷраи моро кушода, иҷоза пурсид, то ворид шавад. Аз чеҳраи маҳзуну қомати хамидааш маълум буд, ки мушкили сангине ӯро домангир аст.

Баъд аз салому алайк худро муаррифӣ кард:

- Ман Алимардонов Султонмурод, сокини деҳаи Бӯйробофи ноҳияи Рӯдакӣ. Ба ман гуфтанд, ки ба шумо муроҷиат намоям. Дигар ҷои рафтанам намонд, намедонам боз ба куҷо муроҷиат кунам, — гуфт ӯ ва имдодҷӯёна сӯям назар кард.

- Хоҳиш мекунам, идома диҳед, — гуфтам ман ва таклифи нишастан кардам.

- Бародар, мушкилоти зиндагӣ маро ба ин ҷо овард. Агар шумо дардамро гӯш кунеду ба газетаатон нависед, шояд роҳи ҳале пайдо шавад, — иброз намуд ҳамсуҳбатам ва баъди каме сукут ба суханаш идома бахшид. — Зиндагиам бад набуд. Дар Ҳисор бо ҳамсарам ҳаёти хоксорона доштем ва соҳиби шаш фарзанд шудем. Вале оҳиста-оҳиста муносибатамон сард гашту аз ҳам ҷудо шудем. Фарзандонам бо модарашон монданд ва ман дар ба дар шудам. Баъди чанд муддат шунидам, ки вай вафот кардааст.

Бо зани дигаре, ки шавҳараш вафот кардаю соҳиби се фарзанд буд, издивоҷ кардем ва боз соҳиби ду фарзанд шудем. Алҳол писарам Шукрулло дар синфи панҷ ва духтарам Руқия дар синфи дуюм мехонанд.

Понздаҳ сол аст, ки дар хонаҳои иҷора зиндагӣ дорем. Аз соли 2009 то 2017 дар НБО-и «Роғун» кор кардам, вале бинобар сабаби бехонагию нарасидани маблағ барои зиндагӣ корро тарк кардам. Баъзан мардикорӣ мекунам, то қути лоямуте пайдо карда, ба оилаам биёрам. Ҳунари бофтани троссҳои кранҳои борбардорро дорам. Аз ин ҳисоб гоҳ — гоҳе музди ночизе ҳам ба даст меорам.

- Фарзандони ҳамсари аввалаатон аз шумо хабар намегиранд?

- Не, онҳоро аз хурдиашон нисбат ба ман бадгумон карданду ҷудо намуданд. Ахиран як духтарам – Матлуба аз куҷое рақами телефонамро пайдо карда, гоҳ-гоҳе занг зада мепурсад, вале маълум аст, ки аҳволи худаш ҳам чандон хуб нест. Бо вуҷуди ин, аз вай розиам. Хайр чӣ кор кунам, тақдир ҳамин будааст. Ҳоло бекораму бемор, саломатии ҳамсарам низ чандон хуб нест. Намедонам чӣ тавр зиндагиамро пеш барам, фарзандонамро хӯрондаю пӯшонда наметавонам. Шояд баъди дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр шудани арзи дилам, гиреҳи ҳалли мушкилотам кушода шавад.

- «Дунё ба умед аст» мегӯянд, зиқ нашавед, шояд одамони хайрхоҳе пайдо шаванд, ки дасти шуморо бигиранд.

- Ман ба идораҳои зиёд муроҷиат кардам. Назди чанд одами сарватманд ҳам рафтам. Вале, бефоида. Одаму одамгарӣ кам шудааст ва ё намондааст гӯям ҳам хато намекунам. Аммо, ман мехоҳам, ки дар навиштаатон аз як шахси накукору табиби дардошно ёдовар шавед. Бинобар фикру андешаи зиёд, ба наздикӣ дар қалбам фишор ва дард ҳис кардаму назди духтури шиносам Абдусаттор Сабуров, ки дар Беморхонаи ёрии таъҷилӣ кор мекунад, рафтам. Бо вай як замон дар Нилӯи Ҳисор ҳамдеҳа будем. Вай маро хуш қабул ва бепул табобат намуд, ки бисёр миннатдорам. Дар бораи чунин ашхос нависед, бигзор дигарон аз онҳо одаму одамгариро омӯзанд.

Бовар дорем, нафароне, ки дасти афтодаеро мегиранд, дар ҷомеа кам нестанд. Шояд баъди хондани қиссаи акаи Султонмурод нафаре пайдо шавад, ки шуълаи умеди ин марди 63-соларо ба зиндагӣ аз нав фурӯзон намояд.

Б. КАРИМЗОДА,  

«Садои мардум»