Аз қадимулайём мегӯянд, ки подшоҳ қудуми муборак дорад ва ин ҳикмати мардумӣ беасос нест. Мо дар мисоли ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, аз ҷумла, ба ноҳияи Ҷаббор Расулов, бори дигар ба воқеияти он шоҳид шудем. Зимни сафарашон Пешвои миллат ба оғози фаъолияти якчанд иншооти ҳаётан муҳим оғоз бахшиданд, ки муҷиби пешрафту тараққиёти соҳоти хоҷагии халқ ва дар ин замина, беҳдошти рӯзгори мардуми ноҳия хоҳанд гардид.
Баробари ба истифода додани пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» дар деҳоти «Деҳмой», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмиру таҷдид гардид, мушкилоти норасоии об дар деҳоти «Гулхона», «Сомониён», «Ғулакандоз», қисман заминҳои деҳоти «Ҳаёти нав» аз байн рафт. Акнун тавассути пойгоҳ 7885 гектар заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ таъмин мешавад. Ҳар як муҳаррики нави насбшуда, ки то 20 фоиз қувваи барқро сарфа менамоянд, дар як сония то 1300 литр оби полезӣ интиқол медиҳад. Ҳамчунин, таъминоти оби полезӣ дар мавзеи Рухак беҳтар гардид. Дар он ҷо 400 гектар замини корам ва 210 гектар замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қаблан аз сабаби норасоии об қисман кишт мешуданд, шодоб гардиданд.
Ташрифи Пешвои миллатро аъзои хоҷагии деҳқонии «Холмат» бесаброна интизор буданд. Баҳои баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заҳмати аъзои хоҷагӣ, ки 4,3 гектар замин доранд ва ҳар ваҷаби онро самаранок истифода мебаранд, онҳоро басо рӯҳбаланд кард. Бояд гуфт, ки дар хоҷагӣ кишти такрориро хуб ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар 1 гектар бодиринг, 0,50 гектар помидор ва 0,50 гектар карам кишт намудаанд. Саҳмдорони хоҷагӣ қаблан дар масоҳати 1,5 гектар картошка ва 0,50 гектар карам кишт намуда, ҳосили фаровон ба даст оварда буданд. Ҳосили картошка аз кишти асосӣ ба 35 ва карам ба 25 сентнер расидааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи соҳа дар иқлими ноҳия мутобиқ аст.
Ҳамин гуна истиқболи самимӣ ва мулоқоти гарму ҷӯшони Роҳбари давлат зимни шиносоиашон бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Ғулом Тӯрабоев мушоҳида шуд. Ӯ дар 0,18 гектар замин дар масоҳати 0,09 гектар гармхона ташкил ва дар 0,03 гектар лимӯ, 0,03 гектар помидор ва 0,03 гектари дигар бодиринг кишт намудааст. Пешвои миллат ба таҷрибаи ин деҳқони асил дар истифодаи замин баҳои баланд ва ба ӯ бобати боз ҳам самаранок истифода намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ маслиҳатҳои судманд дода, изҳор доштанд, ки ҳар сокини кишвар бояд ҳамин гуна замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода бурда, ҳосили фаровон рӯёнад ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузорад.
Зимни боздид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз майдони парвариши қаламфури булғорӣ дар хоҷагии деҳқонии «Нарзулло» ва шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи мавсимии бандубасти пиёз дар шаҳраки Меҳробод ҳозиринро ба хидмат кардан ба Ватан, саҳм гузоштан дар ободиву сарсабзии кишвари соҳибистиқлоламон ҳидоят карданд.
Хуллас, сокинони ноҳия аз дастуру ҳидоятҳои созанда ва ғамхоронаи Пешвои миллат басо рӯҳбаланду шод гардида, минбаъд низ бо меҳнати ҳалолу садоқатмандона ба Ватан содиқона хизмат мекунанд. Мекӯшанд, ки нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоиро баланд бардоранд, то ҳаёти осудаву осоишта ва дастурхони пурнозу неъмати сокинон таъмин бошад.
ҚУДРАТЗОДА Тоҳир Толибӣ,
раиси ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов