Даъвати парламенти Беларус аз Иттиҳоди Аврупо
Парламенти Ҷумҳурии Беларус Иттиҳоди Аврупо (ИА)- ро даъват намуд, ки ба корҳои дохилии кишвар дахолат накунад. Дар ин бора раисони Шӯрои ҷумҳурӣ ва Палатаи намояндагони Беларус Наталя Кочанова ва Владимир Андрейченко ба роҳбарони парламентҳои кишварҳои аъзои ИА изҳорот равон карданд.
Дар он қайд шудааст, ки як қатор мансабдорони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо вобаста ба вазъияти Беларус андеша ва хулосаи нодуруст баён карда, рӯирост ба корҳои дохилии кишвар дахолат менамоянд. Чунин амал ғайри қобили қабул ва мухолифи меъёрҳои ҳуқуқҳои байналхалқист. Интихоботи Президент дар Беларус мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Хабаргузории «РТ»
Соли нави хониш ба 1 октябр гузаронда мешавад?
Вакили Думаи давлатӣ аз фраксияи Ҳизби либералӣ-демократии Россия Василий Власов ба вазири маорифи кишвар Сергей Кравтсов дархост пешниҳод кардааст, ки вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус рӯзи оғози соли нави таҳсилро дар муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ — техникӣ ба якуми октябр гузаронанд. Дар ин муддат имкони гирифтани пеши роҳи паҳншавии беморӣ ва андешидани дигар чораҳои зарурӣ ба миён меояд ва хавфи сироятёбӣ камтар мешавад. Ҳамчунин, волидайн метавонанд фарзандонро аз муоинаи тиббӣ гузаронанд.
Дар Вазорати маорифи Россия охири моҳи июл изҳор дошта буданд, ки соли нави таҳсил, мисли солҳои пеш, якуми сентябр оғоз мегардад.
РИА «Новости»
Ба волидон бояд мактабпулӣ дода шавад
Вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия аз фраксияи Ҳизби либералӣ — демократӣ лоиҳаи қонунеро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карданд, ки мувофиқи он ба волидон барои омода кардани фарзандонашон ба мактаб додани маблағ дар назар дошта шудааст.
Ба андешаи вакилон, ин маблағ бояд 10 ҳазор рублро ташкил диҳад. Барои омода кардани наврасоне, ки ба синфи якум мераванд, хароҷот шояд то ба 20 ҳазор рубл баробар шавад. Дар шароити пандемия ва вазъи ногувори иҷтимоии оилаҳо ин тадбир саривақтӣ ва зарур аст. Ин тадбир танҳо барои шаҳрвандони Россия амалӣ хоҳад шуд. Ташаббускорони пешниҳод аз Ҳукумати мамлакат дархост намудаанд, ки роҷеъ ба масъала ҳар чӣ зудтар ба хулоса биёянд ва зимни таҳияи буҷети соли 2021 онро ба назар гиранд.
Ахбори «Майл.ру»
Фаъолияти парламенти Канада муваққатан қатъ мегардад
Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо гуфтааст, ки фаъолияти парламенти мамлакат то 23 сентябри соли ҷорӣ қатъ карда мешавад. Ин тадбир бо мақсади таҳияи нақшаи дарозмуҳлати барқарорнамоии иқтисодиёти мамлакат дар шароити пандемияи коронавирус амалӣ мегардад.
- Нақшаи мазкур, ба хотири рушди ҳамаҷонибаи кишвар ҳафтаҳои наздик пешниҳод хоҳад шуд. Баъди анҷоми ин кор ба парламент ва мардуми кишвар Паём ирсол мегардад. Агар нақша қабул нашавад, мумкин аст дар мамлакат интихоботи нави парламентӣ гузаронида шавад, — иброз доштааст Ҷастин Трюдо.
Дар интихоботи охир, ки моҳи октябри соли 2019 дар Канада доир шуд, ҳизби ҳоким — либералӣ пешсаф гардида буд.
«Новости парламентов мира»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»