Пешво

№130 (4236) 20.10.2020

Як чароғи чун ту меҳрафрӯз нест,

Бар ту дар равшангарӣ пирӯз нест.

Соли мо гар нест аз рӯзаш зиёд,

Соли ту кам аз ҳазорон рӯз нест.

Як сари мӯ нестӣ аз мо ҷудо,

Баҳри моӣ беҳтарин доди Худо.

Бехато донӣ ҳама ному насаб,

Нест монанди ту мустаҳкамасаб.

Шуд чароғон мулк, дигар фарқ нест,

Дар миёни субҳу шому рӯзу шаб.

Як сари мӯ нестӣ аз мо ҷудо,

Баҳри моӣ беҳтарин доди Худо.

 Тоби пурборӣ зи ту омӯхтем,

Додани ёрӣ зи ту омӯхтем.

Дарси бедорӣ зи ту омӯхтем,

Мамлакатдорӣ зи ту омӯхтем.

 Як сари мӯ нестӣ аз мо ҷудо,

Баҳри моӣ беҳтарин доди Худо.

 Мушкил осон мекунад тадбирҳо,

Кард имдодат дуои пирҳо.

Заҳрро то шаҳд кардӣ, умр рафт,

Пир гаштӣ дар ғами тақдирҳо.

 Як сари мӯ нестӣ аз мо ҷудо,

Баҳри моӣ беҳтарин доди Худо.

 Посдорӣ пояи осудагист,

Посдорӣ шаҳсутуни зиндагист.

Посдорӣ хоси халқи оқил аст,

Сабт номат дар варақҳои дил аст.

 Як сари мӯ нестӣ аз мо ҷудо,

Баҳри моӣ беҳтарин доди Худо.

Муҳаммад ҒОИБ,

Шоири халқии Тоҷикистон