Баргузории ҷаласаҳои онлайнии комиссияҳои доимии АБ ИДМ

№130 (4236) 20.10.2020

DSC_043516 октябри соли 2020 Намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода, аъзои комиссияҳои доимии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) — раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод  Рустам, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидова, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода ва  узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар комиссияҳои  доимии АП ИДМ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, ки тариқи видеоконференсия доир гардид, ширкат варзиданд.

DSC_0422Дар он масоили марбут ба ҳамкории байнипарламентӣ ва роҳҳои пешбурди фаъолияти Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ ва вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ