80 дарсади гирифторони COVID-19 нишонаҳои бемориро надоранд

№136 (4242) 03.11.2020

DSC_096529 октябри соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар мавзӯи «Пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19» ва «Таҳлили вазъи рушди истеҳсоли дорувории ватанӣ» бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдори мамлакат соати парлумонӣ баргузор гардид.

Аз рӯи масоили мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ва муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода маърӯза намуданд. Тавре онҳо зикр карданд, бемории «илтиҳоби шуш»-и номаълум ё коронавируси нав, ки бо номи COVID-19 дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Халқии Хитой ба қайд гирифта шуд, ба зудӣ ҷаҳонро фаро гирифт ва ба мушкили асосии аҳли башар табдил ёфт. Айни ҳол, тибқи маълумоти оморӣ, ҳар рӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳазор нафар гирифтори ин беморӣ мегарданд ва то 7 ҳазор нафар мефавтанд. Сабаб он аст, ки аксар кишварҳои олам оид ба пешгирии паҳншавии беморӣ тадбирҳои заруриро сари вақт амалӣ карда натавонистанд.

Дар ҷумҳурӣ аз рӯзҳои нахус­тини пайдошавии беморӣ ҷиҳати пешгирӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд. Ба ин хотир, 20 январи соли 2020 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунанда таъсис ёфт. 30 январ «Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ гардид.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 таҳти №1365 Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии коронавирус (COVID-19) таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби вазорату идораҳои дахлдор таъсис гардида, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳи мобилии зудамал ба фаъолият пардохт ва Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ», озмоишгоҳи вирусологии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» ҳамчун озмоишгоҳҳои миллӣ оид ба ташхиси COVID-19 бо таҷҳизоти зарурӣ ва ҳайати кормандон пурра карда шуданд. Тибқи маълумоти оморӣ, то 23 октябри соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани зиёда аз 179 325 озмоиш дар 10653 ҳолат ҳодисаи сироятшавӣ ошкор гардид. То кунун дар 9724 ҳолат, яъне, 91,3 фоизи сироятёфтагон шифо ёфтаанд. Мутаассифона, дар 81 ҳолат ё 0,76 фоизи сироятёфтагон фавтидаанд.

Қайд гардид, ки аз рӯзҳои аввали пайдошавии беморӣ аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба кормандони соҳаи тиб ғамхорӣ зоҳир гардид. Чунончӣ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, аз ҳисоби фондҳои захиравӣ барои дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ 12 416 250 сомонӣ ҷудо ва ҳамчун иловапулӣ ба музди маоши онҳо дар давоми 3 моҳ пардохт карда шуд.

Дар оғози мубориза бо паҳншавии коронавирус дар мамлакат танҳо 12 нафар мутахассиси соҳаи вирусология фаъолият доштанд. Аз ин рӯ, дар муддати кӯтоҳ — дувуним моҳ 28 нафар мутахассиси нав омода карда шуд. Беморхонаҳо бо дастгоҳҳои зарурӣ ва кормандон бо воситаҳои муҳофизатӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани мубориза бо беморӣ бо мутахассисони кишварҳои хориҷӣ робитаҳо ташкил карда шуданд. Аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 15 мутахассиси соҳаи эпидемиологӣ, пулмонология, реаниматология, тибби халқӣ, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 мутахассис, аз ҷумла, эпидемиолог, пулмонолог, реаниматолог ва вирусологҳо, аз Ҷумҳурии Лаҳистон 15 нафар, аз ҷумла реаниматолог, табиби ташхисгар-функсионалист ва сироятшинос ва аз Федератсияи Россия — «Роспотребнадзор» 8 вирусолог ба ҷумҳурӣ ташриф оварда, табодули таҷриба намуданд. Тазаккур дода шуд, ки дар давраҳои барои ҷумҳурӣ душвор аз ҷониби Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қувайт, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Бонки рушди Осиё ва 46 ташкилоту ширкат зиёда аз 390 номгӯй маводи муҳофизатӣ, безараркунанда ва озмоишӣ (дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, ҳароратсанҷи фосилавӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, маводи гигиенӣ, айнакҳо, дастпӯшакҳо, бахил, пойафзолҳои махсус ва хилъатҳо, инчунин, маводи дорувории зиддивирусӣ, зиддимикробӣ, маҳлулҳои инфузионӣ ва ғайра) ба маблағи умумии 94 182 171 сомонӣ ворид гардид.

Маърӯзачиён таъкид карданд, ки 80 дарсади гирифторони бемории COVID-19 аломат ва нишонаҳои бемориро надоранд. Аз ин хотир, вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ҷиҳати паст намудани суръати паҳншавии беморӣ ва табобати он айни ҳол дар 38 корхонаи дорусозии ҷумҳурӣ истеҳсоли 268 номгӯи дору ба роҳ монда шудааст.

Дар анҷом қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ