Бисту нуҳуми марти соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуд, ки зимни он ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобул таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо кишвари бародари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб муҳимро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, — иброз намуд Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд: — Бо ин ҳадаф байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гурӯҳи дӯстӣ ташкил шудааст. Инчунин, дар рушди робитаҳои гуногунҷанбаи ҳар ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нақши муҳим мебозад.
Маҳмадтоир Зокирзода, инчунин, барои таваҷҷуҳ ва суҳбати пурмуҳтаво ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ сиҳатмандии комилу комёбиҳои нав ва ба мардуми дӯсту бародари Афғонистон сулҳу амонӣ орзу намуд.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз дастгирӣ ва пуштибонии пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос кард.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон