Барқияи тасаллият

№105 (4367) 21.08.2021

 18 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани мардум, ҳамчунин, харобиҳои зиёд бар асари обхезии шадид дар минтақаҳои наздисоҳилии баҳри Сиёҳ дар Ҷумҳурии Туркия боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Дар ин зимн, ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷиабор сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

www.president.tj