20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Таълимгоҳи замонавӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бошукӯҳи миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта, ба истифода дода шуд.
Тибқи лоиҳа, «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» барои 1440 хонанда дар ду баст, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Абдураззоқ Саидов, муассиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авитсена», бунёд шуда, аз 4 бинои ба ҳам пайвасти чорошёна иборат аст.
Муассисаи нави таълимӣ дорои 37 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, астрономия, геометрия, табиатшиносӣ, математика, ҷуғрофия, синфхонаҳои компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, мусиқӣ ва хореографӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳамчунин, дар он ҳуҷраҳои озмоишгоҳ мавҷуд аст ва барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун асбобу аёнияти дарсӣ насб гардидааст.
Бо дарназардошти омӯзиши вазъи равонӣ ва ҳифзи саломатии хонандагону омӯзгорон дар муассиса ҳуҷраҳои алоҳидаи равоншиносӣ ва тиббӣ сохта шудаанд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии кумаки аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Дар муассисаи таълимии нав, ҳамчунин, ба ҳунаромӯзии хонандагон низ таваҷҷуҳи хоса равона шуда, синфхонаҳои барҳавову алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, таъсис дода шудааст. Дар онҳо хонандагон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сарулибос ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд. Инчунин, дар муассисаи навбунёд маҳфили шоҳмотбозӣ амал мекунад, ки аз машғулиятҳои дӯстдоштаи зеҳнӣ барои хонандагон аст.
Барои дӯстдорону алоқамандони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомӣ омӯзонида мешавад, ташкил гардидааст. Ҷиҳати аз бар намудани технологияи муосир синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо дастгоҳҳои корӣ таъмин мебошанд. Дар умум, шароити муосир барои илмомӯзӣ, аз ҷумла, видеопроектор бо тахтаҳои электронӣ мавҷуд буда, раванди таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудааст.
Бо мақсади баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангию оммавӣ маҷлисгоҳи боҳашаммат бо 340 ҷойи нишаст сохта шудааст. Толори барҳавои варзишии литсей барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, ошхонаи замонавӣ дорои 200 ҷой мебошад.
Дар китобхонаи муассиса 5 ҳазор нусха адабиёти таълимию бадеӣ мавҷуд аст, ки хонандагон имкон доранд, аз он босамар истифода намуда, донишро сайқал диҳанд. Барои таъмини шароити созгори мутолиаи китоб толори барҳавои хониш бо 100 ҷой ва китобхонаи электронӣ бо 15 компютери ба интернет пайваст мавҷуд аст.
Аснои шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрату шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Ба иттилои масъулон, дар «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» барои таълиму тарбияи хонандагон 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус кору фаъолият менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълим дар партави сиёсати инсонпарварона ва илмдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахти мамлакат аз соли 2017 то 2020 сохтмону навсозии 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 15 ҳазору 466 нафар хонанда дар як баст ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Соли 2021 ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 5 муасисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6 ҳазору 380 хонанда дар як баст дар шаҳри Душанбе сохта шудаанд. Тибқи нақша, корҳои сохтмонию бунёдӣ дар 15 муассисаи дигари таълимӣ, ки барои 14 ҳазору 414 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудаанд, бо дарназардошти талаботи замон, идома доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои хуштарҳу замонавии гимназия аз се қисмати 4 — ошёна бо таҳхона иборат буда, барои 2560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Он дар доираи ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» Акбар Ғуломов бо харҷи 42 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити нави таълимӣ дар муассиса ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Сохтмони бинои таълимӣ соли 2018 оғоз шуда, корҳои бунёдкорию паймонкориро мутахассисони Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» бо сифати баланд ба анҷом расондаанд. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» омода гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 100 — 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави таълимиро дар арафаи Соли нави хониш ва ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд барои хонандагону омӯзгорони пойтахти мамлакат маънидод карданд.
Бинои нави муассисаи таълимӣ дорои 52 синфхонаи таълимӣ бо 13 кабинети фаннии муҷаҳҳаз бо шароити муосири донишомӯзӣ, аз ҷумла, химия, биология, математика, физика, технологияи иттилоотӣ, география, озмоишгоҳҳо ва таълими меҳнат барои духтарону писарон мебошад.
Омӯзиш дар ин даргоҳи маърифат бо забонҳои тоҷикию русӣ ба роҳ монда шуда, 70 нафар омӯзгори ботаҷриба ба таълиму тарбияи хонандагон ҷалб шудаанд.
Китобхонаи барҳавои гимназия дорои наздики 10 ҳазор адабиёти гуногуни таълимию бадеӣ буда, толори хониши он дар асоси меъёрҳои мавҷуда ташкил гардидааст.
Гимназия, инчунин, дорои маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст, ошхона барои 210 нафар ва нуқтаи тиббӣ мебошад.
Дар муассисаи нави таълимӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш толори барҳавои варзишии зимистона ва майдончаи бозии тобистона ташкил гардидааст.
Аснои шиносоӣ бо шароити таҳсил дар гимназия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорону дигар масъулон барои ҷалби ҳар чӣ бештари таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба омӯзиши донишҳои муосир ва технологияи замонавӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Масоҳати умумии бино 3,4 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Строй комплекс» ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Прект инвест» мебошад.
Он аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад.
Бинои нав дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни миллии 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои 110 нафар корманди соҳа, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва андозсупорандагон шароити хуби кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин, насби дастгоҳу таҷҳизот ва барномаҳои муосири соҳавӣ имкон медиҳад, ки шаффофияти фаъолияти нозироти андоз дар муносибат бо андозсупорандагон таъмин шуда, бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию уҳдадориҳои андозсупорӣ анҷом дода шавад.
Инчунин, соҳибкорон имкон доранд бо истифода аз шабакаи интернет эъломияҳояшонро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақа аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, шинос шаванд.
Иншоот бо тарҳу услуби хоси меъморӣ бунёд шуда, саҳни он бо гулу бутта ва ниҳолҳои ороишию сояафкан обод гардидааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити кормандон ба кори босифати сохтмончиёну лоиҳакашон баҳои баланд доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супоридани иншооти навро дар арафаи таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуда, ба кормандони соҳа дастурҳои муфид дода, таъкид намуданд, ки сатҳи хизматрасониро ба андозсупорандагон дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои ғанӣ намудани буҷети давлатӣ бо масъулияти баланд ва поквиҷдонона фаъолият намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ба истифода супориданд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти кормандони соҳаро дар иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ афзун намуда, ба беҳдошти сатҳи зиндагонии онҳо низ мусоидат менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншоот ва мулоқот бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона бар нафъи халқу Ватан ва саҳмгузорӣ намудан дар пойдории сулҳу субот, Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллӣ роҳнамун сохтанд.
Таъкид бояд кард, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити арзандаи фаъолият ва зиндагӣ фароҳам оварда шуда, дар ин самт пайваста чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт меҳмонхонаи «Сафо Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Меҳмонхонаи чорситорадор бо тарҳи муосир ва бо дарназардошти санъати меъмории миллӣ ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷунайдулло Азизов бунёд шудааст.
Он аз 13 ошёна иборат буда, дорои 86 ҳуҷра мебошад. Ошёнаи 12-уми бино барои қабули меҳмонони олиқадр пешбинӣ шуда, дар он шароити беҳтарин фароҳам мебошад. Дар ин ошёна барои қабулҳои расмӣ дар сатҳи намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ имконият мавҷуд буда, сатҳи баланди хизматрасонӣ барои будубош ва истироҳати меҳмонон, аз қабили ҳаммом, ошхонаи алоҳида, утоқҳои фароғатӣ ва ғайра ташкил гардидааст. Дар ошёнаи 13-уми бино барои меҳмонони олиқадр қаҳвахонаи дорои беҳтарин шароит ва айвонча барои тамошо намудани зебоиҳои шаҳри Душанбе бунёд кардаанд.
Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо лавозимоти зарурӣ, аз қабили рахти хоб, ҷевон, телевизорҳои замонавӣ ва ғайра таъмин гардида, ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ мебошанд.
Бунёди меҳмонхонаи нав бо шароити арзандаи қабул дар пойтахт рушди бештари соҳаи сайёҳии мамлакатро таъмин менамояд ва дар ин замина 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити бино ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар меҳмонхонаи чорситорадор имкон аст дар як вақт ба 135 нафар хизмат расонида шавад.
Дар бинои муосир, ҳамчунин, маҷлисгоҳ бо 85 ҷойи нишаст, толори машваратӣ, тарабхона барои қабули 80 нафар, қаҳвахона ва дигар утоқҳои ёрирасон ташкил шудааст.
Долон, лифт, инчунин ҳуҷраҳо ва дигар иншооти меҳмонхона бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бо усули меъмории миллӣ, албатта, бо дарназардошти талаботи замони кунунӣ нақшбандӣ ва гулкорӣ шудаанд, ки санъати баланди тоҷиконро дар бинокорӣ бозгӯ мекунад.
Корҳои сохтмониро дар иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Декор инвест» бо ҷалби беш аз 300 нафар сохтмончии маҳаллӣ анҷом додааст.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи «Сафо Душанбе» моҳи октябри соли 2019, баъди гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз гардида, дар вақти муайяншуда бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар баробари меҳмонхонаи замонавии «Сафо Душанбе» дар шаҳри Душанбе сохтмони боз 12 меҳмонхонаи дигари чор ва панҷситорадор идома дорад. Бунёди чунин иншооти муҳими хизматрасонӣ дар пойтахт ба хотири дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмонони хориҷӣ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла, Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар ин мавзеъ, ҳамчунин, аз тарафи коргарони ширкати «Декор инвест» дар масоҳати 5 гектар, дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе, бунёди шаҳраки замонавӣ бо биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, муассисаи таълимӣ барои 640 хонанда, муассисаи томактабӣ барои 150 кӯдак, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳ бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинон идома дорад.
Тибқи иттилоъ аз 21 бинои истиқоматии дар шаҳрак бунёдшаванда дар 4 бино, ки иборат аз 160 ҳуҷра буда, масоҳати манзили зист 16 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, омодаи баҳрабардорӣ мебошад. 6 бинои истиқоматии дигар то охири соли равон ба истифода дода мешаванд. Дар иншооти боқимонда, аз ҷумла, муассисаҳои таълимии миёнаи умумию томактабӣ, варзишӣ ва фароғатии шаҳрак корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ободии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баҳои баланд дода, масъулинро ба истифодаи самараноки имконоти мавҷуда дар меҳмонхона ҳидоят намуданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино, ки бо тарҳу шакли муосир дар маркази пойтахт бо ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қомат афрохт, аз зумраи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои имконоти фарохи фаъолият барои кормандони Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Вазорати молияи мамлакат аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати молияро туҳфаи арзишманди роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон ба ҳайати кормандон дар арафаи ҷашни муҳиму муқаддаси 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Фармоишгари иншоот «Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси лоиҳаи ҶСК «ПИЛҶСАНИИОСП» қомат афрохт. Барои анҷоми тадбирҳои сохтмонӣ мутахассисони даҳҳо ширкатҳои ватанӣ ҷалб гардиданд.
Бино аз 11 ошёна, 2 даромадгоҳи асосӣ ва 7 даромадгоҳи ёридиҳанда иборат аст. Дар таҳхонаи он таваққуфгоҳ барои автомашинаҳо, ҳуҷраҳои техникии системаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, сарднамоӣ, барқи камшиддат ва таҷҳизоти қуввагӣ, ҳуҷраи тақсимоти оби нӯшокӣ бо пойгоҳи автоматӣ ва ҳуҷраи мудофиаи гражданӣ ҷойгир шудааст.
Дар он ошхона барои 120 ҷой, ҳуҷраю утоқҳои кории раёсатҳо, қабули шаҳрвандон, нуқтаи тиббӣ, толори компютерӣ, толорҳои маҷлис, Раёсати молияи шаҳри Душанбе ва кормандони дигар ташкилоту корхонаҳои зертобеи Вазорати молия, ки то ба ҳол макони мувофиқи фаъолият ва шароити мусоиди кор надоштанд, ҷойгир шудааст. Толори муҳташаму барҳавои маҷлисгоҳ барои 300 ҷойи нишаст, толори машқ, қаҳвахона ва боғи зимистона аз имкониятҳои дигари иншоот мебошад, ки бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудаанд.
Зикр гардид, ки татбиқи муваффақонаи сиёсати молиявӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда, дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими миллӣ нақши назаррас мегузорад. Айни ҳол, новобаста ба шароити мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, ба иқтисоди мамлакат, мақомоти молияи кишвар фаъолиятро баҳри таъмини дастрасии молиявӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт идома медиҳанд.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо шароити иншооти навбунёд ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз кормандони Вазорати молия даъват ба амал оварданд, ки бо дасту дили пок вазифаҳои хизматиро анҷом дода, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони он ҳиссагузорӣ кунанд.
Кормандони мақомоти молия нисбат ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлати Тоҷикистон бобати тақвияти низоми молиявии кишвар ва ба истифода додани бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз зеботарин иншоотҳо дар маркази ҷумҳурист, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу миннатдорӣ баён карданд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити иншоот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои вазорат бо кормандони Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони сарраёсату раёсатҳои он мулоқот анҷом доданд. Пешвои миллат ширкаткунандагони ҳамоишро бо фарорасии солгарди 30-юми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳният гуфта, бунёди бинои навро самараи субот ва ваҳдату ягонагии миллат арзёбӣ намуданд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат фаъолияти сохтори молияи кишварро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дастовардҳои сохторро натиҷаи талошҳои кормандони соҳа арзёбӣ карданд ва бобати рафъи камбудиҳои боздорандаи рушди соҳа ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
www.president.tj