Ҳар ҷо, ки қадам монӣ, он гӯша шавад обод,
Хокаш ҳама зар гардад, хору хаси он шамшод.
Ҳар ҷо, ки қадам монӣ, хуршеди фараҳ тобад,
Бемор даво ёбад, маҳбус шавад озод.
Рафт аз пайи ту миллат бар мамлакати ваҳдат,
Ин гуна хирадмандӣ таърих надорад ёд.
Барҳам зада садҳо доғ, кардӣ ҳама ҷоро боғ,
Он ранҷ гузашт аз сар, ин шаҳд ҳалолат бод.
Гумном шавад зулмот аз равшании Роғун,
Бунёдгарӣ бошад мақсуди ту дар бунёд.
Фарёдраси даврӣ, як додраси даврӣ,
Дасти ҳамаро гирӣ, созӣ ҳамаро имдод.
Хун гашта, ҷигархунро, рӯсурхи замон кардӣ,
Ғамхори ҳама гашта, кардӣ дили мардум шод.
Дар ҷисми ту осор аст аз оташу оби давр,
Оҳан расад аз сайқал бар мартабаи пӯлод.
Осон ҳама мушкил шуд, дунё ба ту қоил шуд,
Халқ ин ҳамаро дида, унвони баландат дод.
Эй Сарвари хушиқбол, эй ҳомии Истиқлол,
Ҳар соли ту сад сол аст, ин ҷашн муборак бод!
Муҳаммад Ғоиб,
Шоири халқии Тоҷикистон