30 сол муқаддам пойдевори Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузошта ва ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ роҳ кушода шуд. Ба ибораи дигар, 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 30 соли бунёдкорӣ гардид.
Тайи ин муддат бо талошҳои созанда ва иқдомҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои ободу бехатар бунёд гардида, пойтахти мамлакат ба чор қитъаи Тоҷикистон пайванд ёфт. Дар ин раванд гузариш ба низоми иқтисоди бозаргонӣ, зиёд намудани ҳаҷми воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳои мошингард, роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, роҳи оҳан, иқтидорҳои нави энергетикӣ ва интиқоли неруи барқ, зиёд намудани корхонаҳои саноатӣ, сохтмон ва навсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ҳамчунин, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, биноҳои истиқоматӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор роҳандозӣ шуданд. Ин ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат боис ба пешрафту тараққиёт гашта, ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ва болоравии дарозумрии аҳолӣ мусоидат намуд.
Зимнан, агар ҷаҳонишавӣ ва равандҳои гуногуни он дар шароити муосир ба тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва болоравии сатҳи некуаҳволӣ мусоидат намояд ҳам, он боз ба рушди масоили нигаронкунанда, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, инчунин, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, суиистеъмол ва оқибатҳои зиёновари он низ боис мегардад. Зеро бо давра ба давра густариш ёфтани ҳаҷми кишт ва истеҳсоли маводи нашъаовар дар кишварҳои истеҳсолкунанда ба ҳаёти инсон таҳдидҳои нав ба нав эҷод гардида, ин мушкилот дигар кишварҳоро низ таҳдид менамояд.
Мавриди зикр аст, ки мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар баробари дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, ҳаросафканӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо омили муҳими пешрафт дар роҳи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, амнияту бехатарии давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки бо мураккаб гардидани вазъи марбут ба маводи нашъаовар 12 апрели соли 1996 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири таҳкими мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар» — ро ба имзо расонид.
Ҳамчунин, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид — Конвенсияи ягонаи СММ дар бораи воситаҳои нашъадор (соли 1961), Конвенсияи СММ дар бораи моддаҳои психотропӣ (соли 1971), Конвенсияи СММ дар бораи мубориза ба муқобили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ (соли 1988) ҳамроҳ гардида, созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматиро дар мавриди ҳамкорӣ дар самти назорати маводи нашъаовар бо 17 давлати ҷаҳон, аз ҷумла, бо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба имзо расонид.
Баъдан бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 1999 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Яъне, он зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолиятро дар асоси Конститутсия, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, ҳамкориро бо дигар вазорату идора ва мақомотҳои дахлдор ба роҳ монда, аз натиҷаҳои фаъолият бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад.
Агентӣ дар муддати ду даҳсола барои мубориза бо тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир комёб гардид, ки далели ин гуфтаҳо мусодираи зиёда аз 46 тонна маводи нашъаовар ва қатъи фаъолияти 44 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ мебошад. Танҳо дар даҳ соли охир дар бухории махсус зиёда аз 24 тонна маводи нашъадор бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд. Маҳви чунин миқдори калони воситаҳои нашъадор сабаби аз нашъамандӣ эмин мондани миллионҳо одам дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон ва пешгирии ҷиноятҳо вобаста ба маводи мухаддир гардид.
Ин комёбиҳо самараи фаъолияти ҳайати шахсӣ дар ҷодаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад, ки ҷиҳати ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин, дигар ҷиноятҳо пайваста амалиёти муштарак ва чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯиро бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ анҷом медиҳанд.
3 апрели соли 2004 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор таъсис дода шуд, ки фаъолияти онро агентӣ ҳамоҳанг месозад. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони раис муайян шуданд.
Бо ташаббуси бевоситаи агентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар таҳия ва мавриди амал қарор дода шуд.
Ҳамчунин, марҳилаи нави фаъолият баъди қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013 «Дар бораи стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Дастовардҳои стратегияи мазкур аз ҷониби коршиносон баланд арзёбӣ шуд. Бинобар ин, зарурат пеш омад то «Стратегияи нави миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» таҳия ва мавриди амал қарор дода шавад.
Татбиқи барномаҳои мақсаднок, фаъолияти шӯро ва стратегия, ҳамчунин, заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти дахлдор ва ҳайати шахсӣ буд, ки ҳоло сатҳи нашъамандӣ дар байни аҳолӣ нисбат ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст.
Ёдовар бояд шуд, ки соли 2008 дар кишвар 8645 нафар чун мубтало ба бемории нашъамандӣ сабт шуда буданд. Тибқи омори Вазорати тандурустӣ, ин рақам соли 2021 ба 5003 нафар коҳиш ёфт. Яъне, дар муддати бештар аз 12 соли охир теъдоди гирифторон ба нашъамандӣ 42 фоиз камтар шуд.
Дастовардҳо назаррас бошанд ҳам, моро қонеъ карда наметавонанд. Вобаста ба ин, пешгирии нашъамандиро чун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият ҷиддӣ ба роҳ монда, корҳои таблиғотӣ доимо дар байни аҳолӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии нашъамандӣ кормандон мунтазам якҷо бо дигар кормандони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин, созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бо ҷалби доираи васеи аҳолӣ чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, фарҳангӣ ва таблиғотии зиддинашъамандӣ баргузор менамоянд. Ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо дар байни табақаҳои гуногун, хусусан ҷавонон ва наврасон, боис ба баланд гардидани сатҳи маълумотнокии ҷомеа дар бораи зарар ва оқибатҳои фоҷиабори суиистеъмоли маводи нашъаовар мегарданд.
Ҳамчунин, яке аз вазифаҳо дар самти муқовимат бо паҳншавии маводи нашъадор, амалишавии назорати муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, пешгирии воридшавии ин моддаҳо аз муомилоти қонунӣ ба ғайриқонунӣ мебошад. Бинобар ин, баҳри таъмини риояи муомилоти қонунии маводи нашъаовар, бо ҷалби мутахассисон дар муассисаҳои табобатӣ, дорухонаҳо ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ мунтазам санҷишҳо гузаронида шуда, дар ҳолати набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, дастурҳо пешниҳод мегарданд.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони таъсис ба тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти хоса дода, бо ин мақсад зиёда аз 40 созишномаи байниҳукуматию байниидоравӣ ва дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар ба имзо расонидааст. Дар доираи муносибатҳои байналхалқӣ бо як қатор созмонҳои бонуфуз, ба монанди Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳо ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Ҳамин буд, ки баъди аз наздик шиносоӣ пайдо намудан роҳбарони як қатор созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Котиби генералии СММ, директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Покистон, Эрон, Федератсияи Россия, Амрико, Чин ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба фаъолияти агентӣ баҳои баланд доданд. Зеро он дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар мавқеи хоса дошта, манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар муваффақона муаррифӣ менамояд. Созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамолики хориҷӣ агентиро ҳамчун шарики боэътимод ва босалоҳият эътироф намудаанд.
Ҳабибулло ВОҲИДЗОДА,
директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — майори адлия