30 апрели соли 2014 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тасдиқ карда шуд.
Сипас, роҳбарони як қатор корхонаҳои саноатӣ аз вазифаҳо озод карда шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи як зумра вазорату идораҳо тасдиқ гардиданд.
Ҳисоботи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд оид ба таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» дар ин ноҳия шунида шуд. Тавре зикр гардид, ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дорои 30 ҳазору 500 гектар замини кишоварзии обӣ аст. Қисмате аз ин заминҳо дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор доранд. Дар доираи тадбирҳои мазкур дар солҳои 2010-2013 вазъи мелиоративии 1170 гектари ин заминҳо беҳтар карда шудааст.
Баъд масъалаи омодагӣ ба зимистони оянда баррасӣ шуда, Нақшаи чорабиниҳо доир ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бояд пайваста таҳти назорат қарор дода шуда, ҳар моҳ як маротиба муфассал баррасӣ шавад. Таъкид гардид, ки ангишт, мазут ва дигар анвои сӯзишворӣ сари вақт ва ба қадри кофӣ захира карда, барои омодасозии шабакаҳои нақлиётӣ, барқӣ, гармидиҳӣ ва ғайра чораҳои муассир андешида шавад.
Хулосаи Ҳукумати кишвар ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳам хулосаи дигари Ҳукумат ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
«Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020», «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020», Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Умумиҷаҳонӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва чанд санади дигар тасдиқ карда шуд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин бори дигар доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, кумак расондан ба аҳолии осебдида ва оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ супоришҳои мушаххас дод.
www.president.tj