- мегӯяд раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашӯрзода
- Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайдоиши ниҳодҳои нави ҷомеаи демократӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ, заминаи ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овард. Мехостем, ибтидо назаратонро дар ин хусус баён созед.
- Дар ҳақиқат, бо қабули Конститутсия ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, дар сатҳи қонунгузории мамлакат муқаррар гардид, ки ин шохаи ҳокимияти давлатӣ адолати судиро мустақилона ба амал бароварда, дар татбиқи салоҳият танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо итоат мекунад. Ҳамчунин, бори аввал дар низоми судии мамлакат ниҳодҳои мустақили судӣ — Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ арзи вуҷуд намуданд ва давра ба давра фаъолияти касбии онҳо такмил дода шуд.
Дар таъсис ва ташаккули мақомоти назорати конститутсионии ҷумҳурӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас доранд, зеро маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати конститутсионӣ таъсис дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки назорати конститутсионӣ дар кишвар соли 1990 бо таъсис ёфтани Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омад, ки таъсиси он аз талаботи ҷомеа ва давлат дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ шаҳодат медод. Он назорат, риоя ва татбиқи меъёрҳои Конститутсияро амалӣ менамуд ва баъдан дар таъсиси Суди конститутсионӣ нақши муҳим бозид.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионӣ иброз доштанд, «Дар низоми судии кишвар Суди конститутсионӣ мақоми махсус дорад ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад».
Ҳамин тариқ, таърихи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таърихи навини давлатдории халқи тоҷик алоқаи ногусастанӣ дошта, таъсиси он аз Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад.
- Тӯли 26 соли фаъолият Суди конститутсионӣ дар доираи салоҳият кадом корҳоро ба анҷом расонд?
- Суди конститутсионӣ дар низоми судии кишвар бо салоҳияти махсус фарқ мекунад. Ҳамин аст, ки он дар 26 сол зиёда аз 140 санади гуногуни судӣ (қарору таъинот) қабул кард, ки онҳо дар рушди низоми ҳуқуқи муосири Тоҷикистон, таъмини қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми назаррас гузоштанд.
Суди конститутсионӣ ягона мақоми низоми ҳокимияти судӣ мебошад, ки салоҳияти он чун салоҳияти дигар мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ (Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат) бевосита дар моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
Бо дарназардошти моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти Суди конститутсионӣ дар моддаҳои 34-35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян гардидааст, ки аз муҳимияти он дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судӣ дарак медиҳад.
Конститутсия эълон медорад, ки санадҳои қабулнамудаи Суди конститутсионӣ қатъӣ мебошанд. Қатъӣ будани санадҳои Суди конститутсионӣ мақом ва моҳияти санади судиро нишон медиҳанд.
- То ҳол номутобиқатии кадом меъёрҳои қонун ва қарорҳо ба Конститутсия муайян ва бартараф карда шуданд?
- Суди конститутсионӣ бо нахустин қарор аз 26 марти соли 1996 фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 1993 №134 «Дар бораи боздоштани амали моддаҳои 6, 28, 48, 49, 53, 531, 85, 90, 92, 97, 2211 ва 2212 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки онҳо шикоят карданро аз болои асоснокии ҳабс ё дароз намудани муҳлати нигаҳдорӣ дар ҳабс ба суд манъ мекарданд, ғайриконститутсионӣ дониста, онро беэътибор эътироф намуд.
Ин қарори Суди конститутсионӣ ба шаҳрвандон имконият фароҳам овард, ки ҳуқуқҳои конститутсиониашонро оид ба ҳифзи судӣ амалӣ намуда, ба суд бемамониат муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин, бо қарори Суди конститутсионӣ аз 16-уми октябри соли 2001 «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 1 моддаи 303 ва қисми 1 моддаи 337 Кодекси мурофиавӣ-граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои зикршудаи Кодекс, ки ба тарафҳо ва дигар иштирокчиёни парванда ҳуқуқи овардани шикояту эътирозро нисбат ба таъиноту ҳалномаҳои зинаи аввали Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда буданд, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф дониста шуда, беэътибор гардиданд. Қарори мазкур ба тарафҳо ва дигар иштирокчиёни парванда ҳуқуқ дод, ки онҳо аз болои таъиноту ҳалномаҳои зинаи аввали Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи кассатсионӣ шикояту эътироз пешниҳод намоянд.
Бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2005 «Дар бораи муайян кардани мувофиқати моддаи 181 Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 17, 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 181 кодекси мазкур, ки ҳуқуқи тарафҳо ва дигар иштирокчиёни мурофиаро оид ба овардани шикоят нисбат ба ҳалнома ва қарорҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодӣ маҳдуд мекард, ба Конститутсия номувофиқ дониста шуд.
Минбаъд, тарафҳо ва дигар иштирокчиёни мурофиа ҳуқуқ пайдо намуданд, ки аз болои ҳалномаю қарорҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодӣ шикоят намуда, ҳуқуқҳои конститутсиониашонро ҳифз намоянд.
- Суди конститутсионӣ ба ғайр аз қабули санадҳои судӣ боз бо кадом роҳҳо ҷиҳати таъмини қонунияти конститутсионӣ саҳм мегузорад?
- Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи қонунияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нома ирсол менамояд. Дар он фаъолияти солонаи Суди конститутсионӣ ва натиҷаи омӯзиши асноди ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти ҳокимияти давлатии ваколатдор оид ба таъмини волоияти Конститутсия ва қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат таҳлил гардида, диққати мақомоти мазкур ба ҳаллу фасли проблемаю масъалаҳои ҷойдошта равона мешавад. Пешниҳодҳои Суди конститутсионӣ минбаъд дар фаъолияти мақомоти қонунгузор ва иҷроияи мамлакат татбиқ шуда, ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамоянд.
Тайи даҳ соли охир дар номаҳои солонаи ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда зиёда аз 130 пешниҳод дар хусуси таҳкими қонунияти конститутсионӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, қабули санадҳои қонунгузорӣ, барномаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, тағйири таҷрибаи мавҷуда бо дарназардошти амалияи ҷаҳонӣ ва ғайра ирсол карда шуданд, ки аксари онҳо аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунӣ татбиқ шуданд.
- Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шуданд, ба фаъолияти Суди конститутсионӣ чӣ таъсир расонд?
- Албатта, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо ва ба танзим даровардани муносибатҳои нави дар ҷомеа пайдошударо тақозо менамояд. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо баҳри боз ҳам беҳтар таъмин намудани адолати судӣ, рушди мақомоти назорати конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидаанд.
Ҳамчунин, тағйироти воридгардида, ҳуқуқ ва доираи субъектони муроҷиат ба Суди конститутсиониро васеътар намуд, ки ин тартиб дар аксар мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои ҷаҳон дида намешавад.
Бо даровардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», шумораи арзу шикоят ва пешниҳоду дархостҳои мақомот ва шаҳрвандон ба Суди конститутсионӣ рӯ ба афзоиш ниҳод.
Санадҳои Суди конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия, таҳкими қонунияти конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим бозиданд.
- Ҳамкориҳои байналмилалии Суди конститутсионӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Бо зиёда аз 32 мақоми назорати конститутсионӣ ва якчанд ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорем. Инчунин, узви Комиссияи венетсиании Шӯрои Аврупо, Конфронси мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои демократияи ҷавон, Ассотсиатсияи судҳои конститутсионии давлатҳои Осиё ва институтҳои муодил мебошем.
Ҳамкориҳои байналмилалии Суди конститутсионӣ сол аз сол рушд намуда, дар байни мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои ҷаҳон он ҷойгоҳи хос дорад. Зеро робитаҳо бо мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои Аврупо, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сол аз сол тавсеа ёфта, оид ба таҷрибаи судҳои конститутсионӣ, қабули санадҳои судӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба мурофиаи назорати конститутсионӣ мубодилаи афкор сурат мегирад.
Ҳоло Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳафт мақомоти назорати конститутсионӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва мубодилаи таҷриба Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Инчунин, ба имзо расонидани боз якчанд Ёддошти тафоҳум бо судҳои конститутсионии дигар давлатҳо дар назар аст.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»