Ин матлаб дар бораи шахсест, ки хеле сол мешиносам ва набуд мавриде ки эътиқоду эҳтиромам нисбат ба ӯ зери суол рафта бошад. Инсонест, ки хислатҳои накуи инсонӣ дорад.
Хизмат ба миллату садоқат ба Пешвои миллат маънии зиндагӣ ва меҳвари фаъолияташ маҳсуб шуда, сарфи назар аз он ки дар кадом маснад ифои вазифа дорад, ба қавлу амал устувор аст. Ӯ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон мебошад. Эҳтирому ихлосам нисбати вай «самара»-и омилҳои «таҳрикбахш»-у «ҳавасмандкунанда» набуда, маҳсули мушоҳидаҳои чандинсола ва муқоиса асту аз чашмаи меҳру ихлос ва садоқату самимият об хӯрдааст. Лозим ба ёдоварист, ки номбурда 23 апрели соли 2010 дар асоси моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон интихоб гардид.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии тиббии равонӣ» аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки Убайдулло Қурбон ҳамчун субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҳамроҳ бо баъзе аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия намудааст.
Илова бар ин, ҳамчун раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон, дар таҳияи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ва ғайра саҳми бориз дошт, ки ҳоло низ мавриди амал қарор доранд.
Фаъолияти пурмаҳсули Убайдулло Қурбон минҳайси ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии навтаъсис — Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон собит намуд, ки ӯ, воқеан, фиристодаи донои Пешвои миллат буда, рисолату ваколати ба зиммааш вогузоршударо сари вақт, дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намуда истодааст.
Қаҳрамони матлаб дар ҳар ҷое фаъолият кард, аз худ номи нек ва ободии зиёд боқӣ монд. Оғоз бахшидани марҳилаи сифатан нави фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, эҳёи боварии довталабон ба шаффофияти маъракаи қабул, пурқувват намудани пойгоҳи техникии ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, афзоиши бесобиқаи ҷойҳои нишаст ва масоҳати таълимии донишгоҳ бо дастгирии Пешвои миллат, бозпас гирифтани хобгоҳҳое, ки дар ихтиёри дигар ташкилоту муассисаҳо қарор доштанд, аз дастовардҳои замони роҳбарии Убайдулло Қурбон мебошад.
Фаъолияти илмиву амалии ин табиби масеҳонафас ҳам қобили ситоиш аст. Мисоли зиёд мавҷуданд, ки ба шарофати номбурда теъдоди зиёди инсонҳо, ки бо сабабҳои гуногун қисме аз баданашон осеб дидаасту дар зиндагӣ ба ноҷӯрии зиёд мувоҷеҳ буданд, ба зиндагӣ дилгарм шуданд.
Ҳамрадиф бо ин, мақолаҳои илмии Убайдулло Қурбон доир ба масоили гуногуни бахши ҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ на танҳо дар маҷаллаҳои илмии дохили кишвар, балки дар маҷаллаҳои бонуфузи хориҷи мамлакат низ ба нашр расидаанд. Зеро аҳамияти байналмилалӣ доранд. Қисмати аъзами силсилаи корҳои илмиашро раванди ҷарроҳии реконструктивии осебҳои дар ҳолатҳои гуногун бавуҷудомада, бандаки рагу асаб ва контрактураи ангуштон ва мафсили дасту пойҳо пас аз сӯхтан ва ғайраро дар бар гирифтааст.
Нуктаи муҳим он аст, ки баъзе ҷарроҳиҳои ин бахш дар тибби ҷаҳонӣ назир надошта, маротибаи аввал аз ҷониби Убайдулло Қурбон ва ҳамсафони ӯ дар сатҳу сифати баланд иҷро шудаанд.
Дар силсилаи корҳои илмии Убайдулло Қурбон навъҳои гуногуни нуқсонҳои бофтаҳои рӯпӯшкунандаи мавзеъҳои мӯйдори сар, ҳолатҳои нуқсони модарзодӣ ва осеб дидани суфраи гӯш, осеби чашмон, бофтаҳои рӯпӯшкунандаи пошнаи пой, кӯчонидани флапи кафи пой, гузоштани анастамозҳои тестикулоимакалии варидӣ, бартарафсозии нуқсони бинӣ, табобати астмаи бронхиалӣ ва ғайра омӯзишу гурӯҳбандӣ шуда, инчунин, усулҳои нави ба воситаи ҷарроҳӣ рафъ намудани онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Онҳо собит менамоянд, ки илми Убайдулло Қурбон ба амалаш ёр аст. Шахсони зиёдеро медонам, ки баъд аз соҳибмансаб гардидан кори илмӣ ва анҷоми рисолати касбиро канор гузоштаанд. Убайдулло Қурбон, бо вуҷуди ба зиммааш вогузор будани масъулияти роҳбарӣ, ҳаргиз ба пешаи табибӣ ва кори илмӣ муносибати дуюмдараҷа накардааст.
Аз ҷониби вай бомуваффақият анҷом ёфтани 12000 ҷарроҳӣ, иншои 6 китобу 6 монография, зиёда аз 500 мақолаи илмӣ, зери роҳбариаш ҳимоя гардидани 15 рисолаи номзадӣ, соҳиби 19 патент, 84 пешниҳоди навоварӣ барои ихтироот будан ва ғайра бозгӯйи фаъолияти пурмаҳсули ӯст.
Ҳоло Убайдулло Қурбон ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» буда, нишондиҳандаҳои фаъолияташ арзандаи ситоишанд. Ёдовар мешавем, ки соли 2016 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ муассисаи давлатии таълимии зикршуда таъсис ёфта, Пешвои миллат супориш доданд, ки роҳбарият ва кормандони донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо пизишкони маҳаллӣ фаъолияти табобатиро низ дар сатҳи хубу сифати баланд ва густурда ба роҳ монанд. Дар робита ба ин, то ин вақт таҳти роҳбарии профессор Убайдулло Қурбон дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара 46842 нафар муоина ва табобат шуданд. Инчунин, 2500 ҷарроҳии гуногун сурат гирифта, 1200-тои онро қаҳрамони матлаб анҷом додааст. Шоистаи зикр аст, ки амалиёти ҷарроҳӣ аз рӯи 54 навъ сурат гирифта, қисмати аъзами ҷарроҳӣ дар беморхонаи ноҳиявӣ аввалин маротиба гузаронида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр карда буданд, ки «… мо метавонем ба дастовардҳои бештар ноил гардем. Барои ин завқ бояд дошту Ватанро на бо сухан, балки бо қалб дӯст доштан зарур аст».
Кору пайкори вориси арзандаи Сино – Убайдулло Қурбон далели бебаҳси он аст, ки номбурда ин суханони пурҳикмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият қарор додаву дар иҷрои рисолат комёб ва собитқадам аст.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»