Зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти судҳои иқтисодии мамлакат дар соли 2021, ки 8 феврали соли равон баргузор шуд, раиси Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ Мавлуда Қаландарзода изҳор намуд, ки соли сипаришуда ба судҳои иқтисодии кишвар 3824 ариза ва шикояту дархост ворид гардида, аз ин миқдор 2672 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Нисбат ба 1718 парванда ҳалнома бароварда шуда, истеҳсолот доир ба 130 парванда қатъ гардидааст. Қабули 11 ариза рад, 181 ариза бе баррасӣ мононда, 2 парванда аз рӯи тобеият ва бо 1140 адад дигар қарорҳои судӣ қабул шуд. Аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ 345 ва дар суди марҳилаи назоратӣ 297 парванда баррасӣ шудааст.
М. Қаландарзода зикр намуд, ки шумораи бештари баҳсҳо- 460 парвандаро муносибатҳои қарзӣ ташкил медиҳанд, 387 парванда марбут ба аризаву шикоятҳо нисбат ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо, амали мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Инчунин, 306 парванда ба муносибатҳои замин ва 377 парвандаи дигар ба масъалаи иҷрои санадҳои судӣ алоқаманд аст. Зимни муроҷиат бо аризаҳо ба судҳои иқтисодӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба буҷети давлат ба маблағи беш аз 2,5 млн. сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт кардаанд. Доир ба рӯёнидани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ 254264720 сомонӣ арз гардида, аз ин маблағ 179087625 сомонӣ талаби даъво қонеъ гардидааст. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро ва дигар муассисаву ташкилотҳо иҷрои санадҳои судӣ ба маблағи 93430451 сомонӣ ҳамчун маблағҳои боҷи давлатӣ ва зарару қарзҳои кредитӣ таъмин гардид.
- Аз ҷониби Суди Олии иқтисодӣ риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, ба дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар соли 2021 аз 580 муроҷиати воридгардида 74 муроҷиат ба масъалаи рафтору амали судяҳо рабт дошт, ки дар натиҷа нисбат ба 4 судя тадбир андешида шуд, — изҳор дошт М. Қаландарзода.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»