Дар давоми моҳи шарифи Рамазон нозирони роҳи шаҳрҳои Абу Даби ва Ал Айни Амороти Муттаҳидаи Араб ҳар шом 25000 қуттии ғизои ифторӣ ва нӯшобаҳоро ба ронандагон тақсим мекунанд. Ин ташаббус «Ифтор бидеҳ ва савоб гир!» ном дорад.
- Ташаббуси мазкур илова ба савоб буданаш боиси пешгирии садама низ мегардад, зеро ронандагон барои ҳар чӣ зудтар ба хона рафта, рӯза кушоданашон шитоб намекунанд,- гуфтааст афсари умури дохилаи Абу Даби, подполковник Султон Абдулло ба хабаргузории «Wam.ae».
Тайи як моҳ ба ронандагон барои ифтор, дар маҷмӯъ, 90 ҳазор қуттӣ ғизо тақсим карда мешавад.
Ҳукуматдорони аморати Дубай бошанд дар давоми моҳи шарифи Рамазон мақсад доранд, ки ташаббуси «Миллиард ҳисса ғизо»-ро амалӣ созанд. Бо роҳандозии он Ноиби президент, сарвазири АМА ва ҳокими Дубай Муҳаммад ибни Рашид Ал Мактум мақсад гузоштааст, ки ба муҳтоҷони кишварҳои гуногун як миллиард ҳисса ғизо бидиҳад.
- Дар моҳи Рамазон эҳсос мекунем, ки чӣ тавр дар сайёра ҳар рӯз 800 миллион нафар гурусна хоб мераванд. Касе, ки худ сер бихобаду ҳамсояаш гурусна бошад, муъмин нест,- мегӯяд Муҳаммад ибни Рашид Ал Мактум.
Сабадҳои ғизоиро кормандони Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ, Шабакаҳои минтақавии бонкҳо, Бунёди башардӯстӣ ва хайрияи Муҳаммад ибни Рашид Ал Мактум ва созмонҳои башардӯстӣ дар кишварҳои ниёзманд тақсим хоҳанд кард.
Тибқи иттилои нашрияи «The National», соли 2021 ҳукуматдорони АМА ба эҳтиёҷмандони 47 кишвар 220 миллион ва соли 2020-ум 15 миллион ҳисса ғизо тақсим карданд.
Мувофиқи маълумоти омор, ҳар рӯз дар ҷаҳон 25000 нафар аз гуруснагӣ мефавтанд, ки 10 ҳазори онҳо кӯдаконанд.
Рӯза гирифтан дар моҳи шарифи Рамазон рӯзадоронро водор месозад, ки бо эҳсоси гуруснагию ташнагӣ машаққати мардуми нодору қашшоқро дарк намуда, ба онҳо ёриву ҳамдардӣ намоянд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»