Дар саргаҳи обем, мо об накобем,
Шояд, ки зи дилпокии худ соҳиби обем.
Об дар ҳама давру замон барои инсоният неъмати гаронбаҳо маҳсуб меёфт. Дар замони кунунӣ, ки садҳо хатари глобалӣ барои башарият таҳдид дорад, таъмини оби нӯшокӣ ва захираву ҳифзи он вазифаи муҳими ҳар яки мост. Дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи амалии ҳадафҳои гузошташуда изҳори нигаронӣ карда, қайд намуданд, ки 2 млрд. нафар аҳолии кураи Замин ба шабакаи таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надорад ва зиёда аз 3,5 млрд. нафар аз хизматрасониҳои зарурии беҳдошт ва ҳудуди 2,3 млрд. нафар аз шароити одии гигиенӣ бархӯрдор набуда, ҳар сол ним млн. нафар аз касалиҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд, ки ин зуҳурот ҷомеаи Тоҷикистонро нигарон намудааст, ки ҳанӯз талошҳои умумӣ дар самти таъминот бо об самараи дилхоҳ надодаанд.
Ҳарчанд кишвар дар саргаҳи об буда, дорои табиати афсункор, пиряхҳои бузург, дарёву рӯдҳои ҷорӣ, обанбору кӯлҳои зиёд аст, вале об шудани пиряхҳо ва хушк шудани баҳри Арал ҳодисаи табиии хеле хатарзост. Аз он ки пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об шуда истодаанд ва таҳдид ба танқисии оби Осиёи Марказӣ доранд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуда буданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шавад. Ин ташаббус барои расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи хеле калидӣ мебошад.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки дар қитъаи Африқо ва дар баъзе аз давлатҳои Араб арзиши об баробари қимати нефту газ ва дигар манбаъҳои энергетикист. Танқисии об боис гаштааст, ки дар як қатор кишварҳои сераҳолӣ трофикҳои оби нӯшиданиро ҷорӣ намоянд. Масалан, дар шаҳрҳои Теҳрон ва Табрези Эрон, Дубайи Амороти Мутаҳидаи Араб, Риёзи Арабистони Саудӣ ва ғайра аз норасоии об шаҳрҳоро ба қисматҳо ҷудо намуда, мувофиқи реҷа обро таъмин менамоянд. Олимон ва мутахассисони соҳа таҳқиқ намудаанд, ки агар гармшавии сайёра ва тағйир ёфтани иқлим идома ёбад, дар 20-30 соли оянда аҳолии рӯи Замин нокифиягии оби тозаи нӯшиданиро эҳсос хоҳанд кард. Ин дар ҳолест ки аҳолии сайёра рӯз аз рӯз зиёд шуда, тибқи арзёбии коршиносон, то соли 2050 эҳтимоли расидан ба 9 млрд. нафарро дорад.
Бо дарназардошти ин, истифодаи сарфакоронаи об ба ҳамаи қишри ҷомеа фарз аст ва барои ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об тадқиқотҳову пажӯҳишҳо бояд сари кор оянд. Бо истифода аз сарчашмаҳои фарҳангиву динӣ бояд ба мардум арзиш ва қимати обро фаҳмонд, то дар даҳсолаи амал фаъолиятҳои назаррас дошта бошем. Оид ба муқаддас будани об дар «Қуръон» — и карим, сураи «Воқиъа», ояти 68 -70 омадааст: «Оё он обро меошомед, дидаед? Оё шумо онро аз абр фуруд овардаед ё мо фурудоварандаем? Агар хоҳем, онро талх қарор медиҳем, пас чаро шукр намекунед?».
Муҳаммад Иқбол соҳиби хиради тавоноро, ки дар мавриди ҳалли мушкилоти ҷомеа пайки созанда медиҳаду ҳидоят ба кори хайр менамояд, чунин фармуда:
Фикри равшанбин амалро раҳбар аст,
Чун дурахши барқ пеш аз тундар аст.
Мушкилоти аҳли Замин дар робита ба об Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор сохт, ки дар ин самт ташаббуси нав зоҳир намоянд. Ин иқдом моро муваззаф месозад, ки сатҳи маърифати мардумро оид ба истифодаи об баландтар бардорем ва обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминиро аз олудашавӣ ҳифз намоем. Аз рӯи фармудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мавриди тавсифи об: «Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост. Зеро об ин худи ҳаёт аст, об ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад», амал намоем ва барои иҷрои онҳо ҷидду ҷаҳдро дареғ надорем.
Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон