Тавре маълум аст, Тоҷикистон солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мубталои буҳрони сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид.
Дар он давра ба таври мусолиҳаомез ҳал кардани низои мусаллаҳонаи дохилӣ бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ пеш гирифта шуд. Зимнан, аввалин даври гуфтушунид байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик аз 5 — 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва баргузор гардид.
Минбаъд чунин гуфтушунидҳо дар шаҳрҳои Теҳрон (Эрон), Исломобод (Покистон), Кобулу Тахор (Афғонистон), Алма-ато (Қазоқистон), Ашқобод (Туркманистон) ва Бишкек (Қирғизистон) баргузор шуда, ҷонибҳо торафт бештар ба ҳамдигарфаҳмию ваҳдат наздик шуданд.
23 декабри соли 1996 дар шаҳри Москва вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик С. А. Нурӣ бо миёнаравии намояндаи Мунши умумии СММ Г. Меррем баргузор гардида, дар хотимаи он созишнома ба имзо расонида шуд, ки дар он тарафҳо изҳор доштанд: «Бо дарназардошти он ки бо имзои ҳамин Созишнома дар роҳи сулҳ ва ризояти миллӣ марҳалаи сифатан наве фаро мерасад, қарори сиёсӣ қабул намудаанд, ки барои ҳамин давраи гузариш Комиссияи оштии миллӣ таъсис намоянд».
Дар муроҷиатнома пас аз ба имзо расидани созишнома ва протоколи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музокиракунандагон иброз доштанд, ки «Ватан — Модар якто — Тоҷикистон. Онро наметавон қисмат намуд. Онро бояд дӯст дошт ва обод кард! Аз ин рӯ, ҳамаи шуморо даъват менамоем, ки ба Ватан бозгардед. Мамлакат, манзил, хешу ақрабо ва волидайну фарзанд, ҳамаи аҳли диёр нигарони баргаштани шумо мебошанд. Имрӯз зиндагӣ аз нигоҳи маишӣ ва маданӣ ниҳоят душвор аст. Онро ҳамаи мо метавонем дар якҷоягӣ, бо кумаку дастгирии ҳамдигар беҳбуд бахшем».
Даври ниҳоии гуфтушунид 24 — 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва баргузор гардид. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНМТ С. А. Нурӣ дар ҳузури Президенти Федератсияи Россия Б. Н. Елсин, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Е. М. Примаков, вазирони корҳои хориҷии Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, намояндагони Афғонистон, Покистон, САҲА, СКИ, дар Кохи Георгевскийи Кремл ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд.
Ҳамин тариқ, аз 27 июни соли 1997 ҷараёни дар амал татбиқ намудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид.
Бо дастуру роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 дар мамлакат раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардида, ба Конститутсияи кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тибқи он, Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пазируфта шуда, барои ба сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ қабул гардидани қонунҳо шароит фароҳам оварда шуд. Маҷлиси Олӣ ба мақомоти доимоамалкунанда табдил ёфта, он ҳамчунин мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, хислати касбӣ доштани фаъолияти он муайян карда шуд.
27 феврали соли 2000 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он бори нахуст дар баробари номзад ба вакилон, ҳизбҳои сиёсӣ низ иштирок намуданд. Дар натиҷа, бори нахуст ҳизбҳои сиёсӣ ва вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ба Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд.
Баъдан, аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб гардида, аз чор як ҳиссаи аъзои онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд.
27 марти соли 2000 аввалин ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон ва 17-уми апрели ҳамон сол Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ баргузор гардида, парлумони касбӣ дар мамлакат расман ба фаъолият шурӯъ кард.
Ҳоло дар парлумони ҷумҳурӣ баробари мардон занони дорои сифатҳои баланди касбӣ, ташаббускору забондон низ фаъолият менамоянд. Дар натиҷаи интихоботи соли 2020 баргузоршуда маълум гардид, ки 25,8 фоизи аъзои Маҷлиси миллӣ ва 23,8 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагонро занон ташкил медиҳанд.
Айни ҳол Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ҳамчунин узви созмонҳои бонуфузи байналхалқии Ассамблеяи парлумонии САҲА, Иттиҳоди байнипарламентии ҷаҳон, Иттиҳоди парламентҳои Осиё барои сулҳ, Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, Ассамблеяи парламентҳои Осиё ва Аврупо, Ассамблеяи парламентии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо боиси қатъи низои мусаллаҳонаи дохилӣ, барқарории сулҳ, бозгашти гурезагон ба Ватан, таъминоти иҷтимоии онҳо, балки сабабгори ташаккули парлумони касбӣ дар мамлакат гардида, бо роҳи интихоботи озоду демократӣ беҳтарин намояндагони халқ, ҳамчунин ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси принсипи баробарӣ ба он роҳ ёфта, дар қабули қонунҳои рӯзмарра нақши асосиро мегузоранд.
Файзалӣ ИДИЗОДА,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ