17-уми феврали соли 2023 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии намояндаи доимии бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон Озим Севимли мулоқот кард. Сипас, бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи «Миллати солим» муаррифӣ гардида, раванди амалишавии он дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки лоиҳаи «Миллати солим» дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони кишвар мебошад.
Бонки ҷаҳонӣ шарики боэътимоди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо дастгирии он дар мамлакат якчанд лоиҳа дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ шуда истодаанд.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид мекунанд, ки лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешаванд, қадами муҳим ва саривақтӣ дар самти рушди устувори кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии мардуми тоҷик дар шароити таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, мебошанд.
- Бояд гуфт, ки Бонки ҷаҳонӣ дар тӯли беш аз се даҳсола шарики стратегии мо дар самти рушди устувор, бунёди сармояи инсонӣ, расонидани кумаки молиявию техникӣ ва таҳлили бахши тандурустӣ буда, инчунин як барномаи бузурги таҳлилӣ ва машваратӣ барои пешбурди ислоҳоти муҳим дар соҳаи тандурустӣ аст.
Боиси хушнудист, ки Бонки ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҷонибдори дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро кӯшишҳои роҳбарияти кишвар ба беҳбуди зиндагии мардум ва қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст, — гуфт Дилрабо Мансурӣ.
Зимни рӯнамоии лоиҳаи «Миллати солим» баромадкунандагон иброз намуданд, ки айни замон лоиҳаи нави «Таҷрибаи глобалӣ дар соҳаи тандурустӣ, ғизо ва аҳолӣ» дар марҳилаи омодагӣ қарор дорад. Ҳадафҳои пешбинишудаи лоиҳа баланд бардоштани сифати хизматрасонии ёрии аввалияи тиббию санитарӣ дар минтақаҳои интихобшуда ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи тандурустӣ мебошад.
Дар мулоқот муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим низ иштирок намуд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»