Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим дар нишасти матбуотӣ, ки 15 — уми феврали соли ҷорӣ баргузор шуд, иттилоъ дод, ки соли 2022 иҷрои қисми даромад аз ҳисоби андозсупорандагон 101,1 фоиз, бахши маҷмӯии даромади буҷет 106,9 фоиз таъмин гардид. Корхонаҳои саноатии ноҳия, бо назардошти сектори ғайридавлатӣ, соли 2022 ба маблағи 512,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021-ум 53,3 миллион сомонӣ зиёд буда, 110,5 фоизи нишондиҳандаи як соли пешинро ташкил медиҳад.
Боиси қайд аст, ки дар ноҳия маҳсулоти кишоварзӣ низ истеҳсол мешавад ва ин мавзӯъ мавриди таваҷҷуҳи хабарнигори рӯзнома қарор дошт. Раиси ноҳия дар иртибот ба ин масъала иттилоъ дод, ки айни ҳол дар заминҳои ба ҳудуди ноҳия воридгардида 272 хоҷагии деҳқонӣ амал мекунад, ки дар ихтиёри худ 486,06 гектар заминҳои обӣ дорад. Соли гузашта дар маҷмӯъ, 11 696,7 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ шуд.
Дар бахши манзилию коммуналӣ низ корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Бо мақсади омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 фаъолияти доимии ситоди ноҳиявӣ ба роҳ монда шуд. Дар мавсими зимистонгузаронӣ вобаста ба иқтидорҳои мавҷуда ва интиқоли неруи барқ, дар маҷмӯъ, 658 иншоот барои қабули гармӣ ба нақша дохил гардид. Барои сарсабзу хуррам гардидани ҳудуди ноҳия давраи тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022, аз ҷумла 74 ҳазору 96 бех дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда, 5 миллиону 94 ҳазору 200 дона гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»