Ҷавононро аз омилҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем

№58 (4641) 01.05.2023

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки Тоҷикис­тони азиз — Ватани маҳбуб ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон зери сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббусҳои муҳим шинохта шудааст.

Мусаллам аст, ки ин ҳама ободиву пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон ба душманону бадхоҳони миллату давлати мо писанд нест, зеро онҳо бар ин назаранд, ки тоҷик бояд аз «ҷабри таърих» нолад. Барои хоинону хоҷагони онҳо талошҳои Пешвои миллат барои эҳё ва таҳкими давлатдории миллӣ ба қавле «устухон дар гулӯст». Рафтору гуфтори наҳзатиёни наҳс ва дигар нафриншудагони халқу миллатро дида, кас ба хулоса меояд, ки такрори сенарияи солҳои навадуми асри XX ва боз ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашидани кишвар аз ҳадафҳои асосии ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ мебошад.

Роҳбарону хоҷагони наҳзатиён медонанд, ки мардуми солдидаи кишвар, ки шоҳиди даҳшатафканиҳояшон дар солҳои навадуми асри гузашта буданд, дигар ба онҳо бовар намекунанд, аз ин рӯ, хоинони миллату давлат акнун мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ба мафкураи наврасону ҷавононе, ки аз ғаразҳои нопокашон хабар надоранд, таъсир расонанд. Аниқтараш онҳоро ба манқуртоне табдил диҳанд, ки арзишҳои милливу давлатӣ барояшон қадре надошта бошад. Ин хатари бисёр бузургро, пеш аз ҳама, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст дарк намуда, ҳамеша ҷомеаро аз ин хавфу оқибатҳои вабо ҳушдор медиҳанд.

Дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид, Ҷаноби Олӣ таъкид намуданд: «Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд».

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳамаи мо, махсусан вакилону фаъолон, омӯзгорон ва дигар шаҳрвандони худшиносу ватандӯсти кишвар дар сафи пеши мубориза бо ҳама зуҳуроти номатлуб, ба вижа ифротгароиву терроризм бошем ва нагузорем, ки заҳрпечаки ақоиди душманони миллату давлат мағзи фарзандонамонро хазон кунад. Дар ин роҳнамоии дурусти фарзандон ҳангоми истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр зарур аст. Чунки минбари асосии ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Қисми зиёди наврасону ҷавонон низ маҳз тавассути интернет мағзшӯӣ гардида, ба чунин гурӯҳҳои террористӣ шомил мешаванд.

Дар моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ «Аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намудан» аз ҷумлаи ҳуқуқҳои падару модар дониста шудааст. Яке аз роҳҳои муассири мубориза бо ифротгароиву террористӣ дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон мебошад. Маҳз бо ҳамин восита орзуҳои хому ғаразҳои нопоки наҳзатиёни наҳс ва дигар душманони миллату давлатро ба ҳубоб табдил медиҳем. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад».

Бурҳон САФАРОВ,

роҳбари гурӯҳи вакилони ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ