Тозанашр

Мушоҳидаву роҳнамоӣ

№76 (4659) 12.06.2023

IMGҶДММ «Ашӯриён» китоби навбатии узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуот, дорандаи медали 100 — солагии матбуоти тоҷик Гулчеҳраи Зоиддухтро таҳти унвони «Гулмуҳаммаде, ки писарам шуда буд» аз нашр баровард.

Аслан, инсонҳои наҷиб соҳиби дили бузургу беғашанд ва ҳамеша дар орзуи хушбахт дидани дигаронанд. Ҳадаф аз таълифи китоб ҳам ҳамин аст.

«Аз кӯза бурун таровад, ҳар чӣ, ки дар ӯст». Қаламкашон ҳар гуна мешаванд. Яке бо қалам, дигаре бо дил менависад. Апаи Гулчеҳра аз қабили дуюмиҳост.

Дар китоб Гулчеҳраи Зоиддухт мушоҳидаҳояшро аз солҳои фаъолият дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Паёми Душанбе», «Мароми пойтахт ва ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба риштаи тасвир кашида, инсониятро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Таъкид намудааст, ки ин инсонҳо метавонанд бо анҷом додани амалҳои нек, дар суботу оромии ҷомеа саҳмгузор бошанд ва аз худ номи нек боқӣ гузоранд. Бахусус, мо — мардуми тоҷик, ки фоҷиаи сахтро аз сар гузарондему шукр, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ба сар мебарем, набояд дигарбора ба такрори он солҳои мудҳиш роҳ диҳем. Ба ҳеҷ ваҷҳ зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем. Аз унсурҳои манфӣ, хурофотиёну таассубгарон, ки замоне моро ба ҳамин рӯзҳои сиёҳ дучор карда буданд, эҳтиёт бошем. Муҳим аз ҳама одаму одамгариро ҳифз намоему гум накунем. Чунин аст мақсаду моҳияти китоб.

Мутмаинем, ки мушоҳидакории муаллиф ва хулосаву роҳнамоиҳояш мадди назари хонандагон қарор мегирад.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»