Аз нишастҳои матбуотӣ

Имсол ҳам теъдоди довталабон коҳиш ёфтааст

№99 (4682) 07.08.2023

ТЕСТИ- Дар давраи асосии бақайдгирӣ, ки аз 1-уми март то 1-уми майи соли 2023 доир гардид, барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 73 ҳазору 473 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз қайд гузаштаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022-юм 6867 нафар ё 8,55 фоиз кам аст, — иброз дошт директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода дар нишасти матбуотӣ, ки 3-юми августи соли ҷорӣ баргузор гашт.

Шумораи мазкур 74,22 фоизи нақшаи қабули донишҷӯёнро дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои соли таҳсили 2023-2024 ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар соли 2022-юм ба 83,81 фоиз баробар буд. Аз шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии номнависшуда 34 ҳазору 613 нафар ё 47,11 фоиз духтарон ва 38 ҳазору 860 нафар ё 52,89 фоизашон писарон мебошанд.

Тибқи иттилои масъулини ин ниҳод дар имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестӣ соли ҷорӣ 63 ҳазору 637 нафар иштирок карда, аз ин шумора 63 ҳазору 150 нафар ба озмуни тақсимот роҳ ёфтанд. Имсол 59 ҳазору 123 нафар донишҷӯ шуданд.

Гуфта шуд, ки дар давраи дуюми бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2023 (ИМД-2023) барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамагӣ 2715 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 1200 нафар зиёд аст.

Дар ҳамин ҳол шумораи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум)-и дар давраи дуюми бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ номнависшудаҳо 1049 нафарро ташкил доданд.

Зикр гардид, ки соли 2023-юм барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2023 тибқи нақшаи қабули донишҷӯён 65 ҳазору 563 ҷой ҷудо гардидааст, ки он нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2022-юм 3225 ҷой зиёд аст.

Шумораи ҷойҳое, ки тибқи нақша дар соли 2023-юм барои қабули донишҷӯён дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум) тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2023 ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷудо гардидааст, 33 ҳазору 394 адад мебошад, ки он нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2022-юм 126 адад кам аст.

Т. ҲАФИЗУЛЛОҲ,

«Садои мардум»