25 августи соли 2014 раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати гурӯҳи кории бародаршаҳри Душанбе — Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро таҳти роҳбарии Дмитрий Черненко — раиси Кумита оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург бобати баррасии ҷузъиёти барномаи баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз иқдоми ҳамтои худ ҷаноби Георгий Полтавченко –губернатори шаҳри Санкт-Петербург ҷиҳати ташкили сафари ин ҳайати бонуфуз изҳори сипос намуда, афзуд, ки ташрифи меҳмонон, ки дар доираи тантанаҳои ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе сурат хоҳад гирифт, ба таҷрибаи муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва ба ин васила тақвият бахшидан ба робитаҳои ҳасанаи аз умқи асрҳо ибтидогирифта нақши муассир мегузорад.
Зикр намуд, ки Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе бо ба инобат гирифтани фарогирии чорабиниҳои марбут ба коркарди технологияҳои ҷадиду воқеии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, фароҳам овардани шароити қонунии будубош дар шаҳр ва кишварҳои қабулкунанда, мусоидат ба рушди соҳаи тандурустии шаҳр ва табодули таҷрибаи табибони варзидаи санкт-петербургӣ, густариши ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва такмили заминаҳои омӯзиши забони русӣ ва ихтисосмандии корҷӯён аз шаҳри Душанбе, таъминоти мактабҳои шаҳр бо муаллимони русӣ ва китобу адабиётҳои зарурӣ тарҳрезӣ карда шавад.
Бо ин мақсад гурӯҳҳои кории ду ҷониб таъсис ёфт, ки муваззаф гардиданд дар доираи консепсияи зикргардида барномаи мукаммали Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанберо таҳия намоянд.
Ш.Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе