Рушди маърифати сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон – омили асосии инкишофи ҷомеа

№109 (4692) 06.09.2023

расм 1Бо чунин ном чанде пеш дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли суҳбати гирди миз доир гардид. Дар он аъзои шӯрои ҷамъиятии шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ходимони дин, собиқадорони меҳнат, фаъолони ҷамъиятӣ, мудирони бахши кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия­ҳо ва хабарнигорони ВАО ширкат варзиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба маърифати сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти кору зиндагӣ, вазъи таълиму тарбия, соҳиби касбу ҳунар гардидани онҳо, мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Мо бо ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург дорем ва барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам месозем, ки ҷавонони мо ҳамчун насли ояндасоз, зимоми фардои давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, яъне кори моро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд».

Шӯрои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои тарғибу ташвиқи ­даст­о­­вардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, натиҷаҳои дар зарфи ин солҳо бадастомада, нақши ваҳдати миллӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ҷаҳду талош варзида, барои сафарбар намудани аҳолии мамлакат барои сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор андешида истодаанд.

Ташаккули маърифати сиёсӣ ва баланд бардоштани шуури сиёсии ҷавонон бо худшиносии сиёсӣ ва худогоҳии сиёсӣ алоқамандии зич дорад. Барои баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии мардум, пеш аз ҳама, бомаърифат ва соҳибфарҳанг будани онҳо лозим аст. Яъне, ҷавонон бояд таърихи миллати дин, фарҳангу анъанаҳои миллати хешро дониста бошанд. Барои ҳамаи ин баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёна ва олӣ зарур буда, иштироки фаъоли падару модар, муаллим ва аҳли ҷомеа ва ғамхориву таваҷҷуҳи доимии давлат муҳим мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад». Роҳбари давлат дар идома гуфтанд, ки «Дар раванди тарбияи ватандӯстӣ пешгирӣ кардани зуҳуроти экстремизм ва таассуби динӣ, аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазирии милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа мебошад. Бинобар ин, дар кори созмонҳои ҷавонон таҳия ва татбиқи нақшаю барномаҳо оид ба таҳкими ризоияти иҷтимоӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми миёни миллатҳою мазҳабҳо, муколамаи байни тамаддунҳо ва наслҳо, инчунин амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба пешгирии фаъолияти қувваҳои иртиҷоӣ бояд мақоми афзалиятнок дошта бошад. Наврасон ва ҷавононро аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардан вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа мебошад».

Вақти он аст, ки ҳар чӣ бештар дар ниҳоди ҷавонон сифатҳои воло – ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, ахлоқу одоби миллӣ, поквиҷдонӣ, эътиқоднокӣ ва шуури миллиро инкишоф диҳем. Баробари ин, дар онҳо нисбат ба сифатҳои манфӣ – бетафовутӣ, хиёнат, маҳалбозӣ, бевиҷдонӣ ҳисси нафрат бедор кардан зарур мебошад. Маҳз маърифати баланди сиёсӣ, ватандӯстӣ, меҳри Ватан ҷавононро аз таъсири омилҳои гуногуни номатлуб эмин медорад, онҳоро ба ҳифзи кишвар ва бузургдошти арзишҳои миллӣ водор месозад. Дар раванди инкишофи маърифати сиёсии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстӣ пешгирӣ кардани зуҳуроти экстремизм ва таассуби динӣ, аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазирии милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа мебошад.

Таваҷҷуҳ ба фаъолнокии сиёсии ҷавонон дар шароити муосири аксари мамлакатҳо меафзояд. Омилҳои тамоюли афзоишро касб намудани ин раванд гуногунанд ва дар кишварҳои олам аз ҳамдигар фарқ мекунад.

Ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон низ ба падидаҳои то андозае зиддиятнок алоқаманд буда, ба мавҷудияту инкишофи низоми сиёсии ҷомеа таъсиргузоранд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаташро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда истодааст, аммо мушкилот ҳоло ҳам ҳастанд. Ба назари мо, се ниҳод — Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва Вазорати фарҳанг бояд дар ҳамбастагӣ фаъолият намоянд. Агар ин се ниҳод корҳои тарғиботиро байни ҷавонон ва насли наврас дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намоянд, аксари мушкилоти мавҷуда бетаъхир бартараф мешаванд.

Қайд намудан зарур аст, ки дар ташаккули шуури сиёсии ҷавонон нақши шабакаҳои иҷтимоӣ ниҳоят зиёд аст. Шабакаҳои иҷтимоӣ аз як тараф, боиси инкишофи иқтисодиёт гаштааст. Аз ҷониби дигар, шабакаҳои иҷтимоӣ хатар низ доранд. Ин хатар дар кадом шакл зоҳир мегардад? Он фазои беназорат аст, ки дар он, пеш аз ҳама, гурӯҳҳои манфиатдор ба мағзшӯӣ машғуланд. Паҳншавии бесобиқаи шабакаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонон ва насли наврас хатар дорад ва дар ин масъала бояд ҳушёриро аз даст надиҳем.

Мустаҳкамшавии давлат, ташаккули заминаҳои идеологию маънавии он аз тарбияи ватандӯстии ҷавонон вобастагии калон дорад.

Дар ин раванд иҷрои талаботи зерин ҳатмӣ мебошанд:

- асоснокнамоии масъалаи тарбияи ватандӯстӣ аз нигоҳи илмӣ, гуманистӣ ва мардумсолорӣ;

- ба назар гирифтани таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, анъанаҳои маънавии он, бо назардошти гуногунии баромади иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии онҳо;

- муттасил инкишоф додани сиёсати дастгирии ҷавонон;

- равона намудани ҷавонон баҳри рушди имконияту истеъдодҳои ҳар як шахсият;

- мавҷудияти робитаи ногусастанӣ бо дигар шаклҳои тарбия.

Дар шароити кунунӣ дар ҳар як ҷомеаи демократӣ афзудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва талошу кӯшиши онҳо дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳими рушду инкишофи мамлакат ба ҳисоб меравад. Шӯрои ­ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мушкилоту масъалаҳоеро, ки садди рушди маърифати сиёсии ҷавонон мегардад, ба назар гирифта, барои ҳар чӣ зудтар бартараф шудани онҳо дар доираи имконияту салоҳият кӯшиш менамояд.

Рисолати ватандории мо ин аст, ки пайи коркарди ғояҳои нави давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқӣ шуда, дар ин замина ҷавононро муттаҳид ва ба созандагию бунёдкорӣ равона намоем.

Нозим МАҲМАДИЗОДА,

котиби ҳамоҳангсози Шӯрои  ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон