Омӯзгори варзида, бонуи кордону ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ содиқ Гулру Сатторова моҳиятан мазҳари зебоӣ, доноӣ ва некуӣ аст. Ҳамин ҷанбаҳо ва хислатҳои ҳамидааш ӯро дар ҷомеа соҳибэҳтиром кардаанд
Фаъолияташ аз мураббияи Мактаб-интернати ба номи С. Айнии шаҳри Панҷакент то сарварии калонтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахти кишвар масир дорад. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллими дараҷаи олӣ, ғолиби озмунҳои «Директори сол 1999» ва Директори сол 2011» аз ҷамъи дастовардҳои номбурда «муште аз хирвор мебошанд». Қаҳрамони матлабро қаблан ғоибона мешинохтам. Дар суҳбат волидон вежагиҳои фаъолияти омӯзгориашро васф карданд. Гуфтанд, ки рисолат ва вазифаи муҳимтарини падару модарон тарбияи хуб ва таъмини шароити мусоид барои ӯ мебошад. Агар ин рисолат бо фаъолияти созандаи омӯзгорон омезиш ёбад, фарзандон, албатта, таълиму тарбияи дуруст мегиранд ва ба роҳи рост ҳидоят мегарданд.
Онҳо бо самимият афзуданд, ки Гулру Сатторова минҳайси омӯзгор ба маънои том машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад ва ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст. Падару модароне, ки фарзандонашон дастпарвари номбурда мебошанд бо ифтихору самимият эътироф карданд, ки муаллима дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин дар омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост собитқадам мебошад. Ба ибораи дигар, ин омил ба меъёри ахлоқии фаъолияти мавсуф табдил ёфтааст. Масъулини соҳаи маориф аз садоқаташ ба пешаи омӯзгорӣ ёдовар шуданд. Зикр шуд, ки истеъдоди баланди роҳбарӣ дорад. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар онҳо Гулру Сатторова директор буд, дар муддати нисбатан кӯтоҳ ободу пешрафта шуданд.
Дар байни нозукиҳои омода намудани кадрҳои баландихтисос холисона дар рӯҳияи озодӣ, баробарӣ ва адлу инсоф, тарбия намудани насли нав дар ҳама давру замон пураҳамият аст. Аз ин назар ҷомеаи солим эҳтиёҷ ба омӯзгоре дорад, ки бояд дониш, малака, санъат ва ҳунари волои худро, ки тӯли солҳо касб кардааст, холисона ба шогирдон пешниҳод намояд. Дар ин раванд ӯ бояд асрор, қонуниятҳои муҳимро тарзе ба шогирдон дастрас намояд, ки онҳо тавонанд аз устод дар муҳлати муайян пеш гузашта, барои дастовардҳои нав ва нодир омода бошанд.
Муаллим ҳамчун зиёии муосир бояд намуна дар гуфтор, кирдор бошаду шогирдонро барои амалҳои нек ва кашфиёти нав илҳом бахшад. Устод бо фаҳмонидану вазифа додан қонеъ нашуда, бо рафтори шахсӣ ва илҳом бахшидан ба шогирд ӯро ба фатҳи қуллаи умед дилпур созад. Танҳо дар чунин сурат ӯ ҳамчун зиёии муосир метавонад нақши худро дар инкишофи ҷомеа гузорад. Чунин хислатҳои ҳамида дар Гулру Сатторова хеле муносиб тавъам афтодаанд.
Бо вуҷуди густурда будани доираи фарогирӣ, фаъолияти омӯзгор, асосан аз таълим ва тарбия таркиб ёфтааст. Гулру Сатторова ҳамчун омӯзгори асил ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дорад. Чунин муносибат замина фароҳам овард, ки мавсуф дар давоми фаъолият меъёрҳои арзёбии дониши шогирдонро тавсеа бахшад, барои омӯзонидани таърих, забон, адабиёт, фарҳанги гузаштаву муосир, расму оин ва дигар арзишҳои миллӣ ҷаҳд кунад, ба хонандагону донишҷӯён арзишҳои муқаддаси истиқлолият ва озодиро возеҳ шарҳ диҳад, моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистони азиз таблиғ созад.
Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни мамлакатро муаллимон ташкил мекунанд. Дар бобати мактабу омӯзгор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон, аз ҷумла гуфтаанд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем». Дар ин ҷумла се нуктаи муҳим таъкид гаштааст: боргоҳи илму дониш будани мактаб, шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас будани муаллим ва эҳтиром гузоштан ба дабистону омӯзгор.
Ӯ ҳамчун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас дар доираи ваколатҳояш тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то дастури ин Абармарди дунёи сиёсат «Низоми маорифи мо бояд ба он ноил гардад, ки ҳар як сокини Тоҷикистон таърихи ташаккули давлатдории миллӣ, зарурати ҳифзи он, аҳамияти истиқлолу соҳибихтиёрӣ, таҳдидҳои мавҷуда ба давлату ҷомеа, оқибатҳои эҳтимолии чунин таҳдидҳо ба пояҳои давлатдории миллӣ ва монанди инҳоро хуб дарк намояд», сари вақт иҷро гардад. Номбурда ифтихорманд аст, ки дар кишвари мо занон ҷойгоҳи баланд доранд. Онҳо баробари мардон заҳмат мекашанд ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Мо, ҳамчунин, ба нақши зан — модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
- Чунин қадршиносӣ аз ҷониби Роҳбари мамлакат ба мо рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Ба шарофати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълим додан ва тарбия намудани насли нави огоҳу соҳибмаърифат ва ояндасозу худшинос дар раванди эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа табдил ёфт. Шоҳиди он ҳастем, ки аҳамияти илму савод рӯз аз рӯз болотар рафта, он барои ҳастӣ, рушд ва зиндагии саодатманди халқу миллатҳо моҳияти ҳаётӣ гирифтааст. Тавоноии давлат ва миллат маҳз сатҳи донишу маърифати онҳо муайян гардида, муҳимтарин ҳадафи мо дар оянда фарогирии кулли ҷомеа бо маърифату ҷаҳонбинӣ ва илму донишҳои муосир хоҳад буд, — андеша дорад номбурда.
Ба андешаи Гулру Сатторова, падару модарон бояд ба таълиму тарбияи фарзандон зиёдтар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва омӯзгорон тарбия карда, барои боло рафтани сатҳи ҷаҳонбиниву дониши наврасону ҷавонон саъю талош варзанд. Муҳимтар аз ҳама, онҳо бояд назоратчӣ набошанд, балки фарзандони худро тарбия кунанд ва барои ҳамчун инсони комил ба воя расонидани онҳо заҳмат кашанд, зеро ин кор танҳо вазифаи мактаб ва омӯзгор нест.
Чунин хулоса маҳсули рӯзгори пурсаодати ӯ мебошад, ки дар он арзишҳои инсонӣ меҳвару ҷавҳаранд. Бо шавҳараш равоншод Салимбек Расулов зиндагии гуворо доштанд, фарзандонашон Мавлуда, Улуғбек ва Беҳзодро дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба воя расониданд. Номбурда орзу дорад, ки фардои Тоҷикистонро боз ҳам ободу пешрафта, марзу буми ин давлатро орому осуда ва ҳар фарди миллатро хушбахт бинад. Сарфи назар аз нафақахӯр будан, ба ҳеҷ ваҷҳ бетафовутиро ихтиёр накарда, ба насли ҷавон дӯст доштани Ватан, обод намудани он ва ҳифзи манфиатҳои миллиро омӯзонида истодааст. Ин бонуи ватандӯст рисолаташро дар ҳамин мебинад.
Далери АБДУЛЛО,
«Садои мардум»