Оғози сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

№147 (4730) 01.12.2023

53365981599_ae3fe7b091_o30 ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ҷиҳати иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ал-Мактум меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсонӣ расмии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.