Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон ва сокинони шаҳру ноҳияҳо мулоқот намуда, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро шарҳу тавзеҳ доданд.
Вакилон Саодат Аминҷонова, Илҳом Исобоев, Фирдавс Шарифзода дар толори Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами 2, литсейи касбӣ-политехникии рақами 44, муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 25 ва филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқоту машварат доир намуданд.
Онҳо зимни суханронӣ роҷеъ ба нуктаҳои Паём аз дастовардҳои мардуми сарбаланди кишвар дар соли 2023, зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2022, афзудани даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, афзудани иқтидори энергетикии кишвар, татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои Бекобод-Деҳмой, Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Конибодом-Кучкак дар вилоят, рушди илму маориф ва зиёдшавии музди меҳнату нафақа тафсилоти таҳлилӣ ва амиқ пешниҳод карданд.
- Моро зарур аст, ки дастуру супоришҳо ва суханҳои илҳомбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ баён гардиданд, сармашқи фаъолият ва кору зиндагӣ қарор дода, бо меҳнату заҳмати содиқонаю софдилона, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва фаъолияти пурсамар бобати ободӣ ва рушди Тоҷикистони азизамон саъю талош намоем, — таъкид доштанд вакилон.
Мухтори АБДУЛЛО,
«Садои мардум»