Аз нишастҳои матбуотӣ

Бекоршавии ақди никоҳ 3578 ҳолат кам гардид

№22 (4762) 16.02.2024

212-уми феврал Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки мавзуи занону духтарон, оила, модару кӯдакон аз масъалаҳои мубрами рӯз дар кишвар маҳсуб меёбад, зеро ташкилу пойдории давлат аз мус­таҳкамии оилаҳо вобастагӣ дорад.

Ҳамзамон, дуруст ба роҳ мондани тарбия дар оилаҳо ва дар рӯҳияи неки инсонию ватандӯстӣ ба воя расондани фарзандон метавонад дар ҳалли бисёр масоили доғи рӯз, пешрафти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани иқтисод ва сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд.

Табиист, ки дилхоҳ ҷомеа бе камбудӣ намешавад. Мутаассифона, аз таъсири баъзе зуҳуроти манфии давраи ҷаҳонишавӣ ҷумҳурии мо низ дар канор намондааст ва дар ин самт дар баробари муваффақиятҳо камбудию норасоиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд. Боварии комил дорем, ки бо кӯшишҳои дастҷамъона дар ҳалли онҳо муваффақ хоҳем шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар муқоиса бо соли гузашта кам гардидани пошхӯрии оилаҳо, ҳолатҳои куштор ва сӯиқасд ба ҷон, ҷинояту поймолкунии ҳуқуқи занону модарон ва монанди инҳо боиси рӯҳбаландӣ ва дилгармӣ ба кор мебошад.

Соли 2023-юм 76 ҳазору 444 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, шумораи бекоршавии ақди никоҳ нисбат ба соли гузашта 3 ҳазору 578 ҳолат кам гардидааст.

- Теъдоди ноболиғон аз бекор шудани ақди никоҳ 10 ҳазору 985 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 5 ҳазору 327 нафар кам мебошад, — зикр кард Б. Файзиддинзода.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»