Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва фарҳанг тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи бунёдкорию созандагӣ, ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, равона сохтани майлу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ, баҳрабардории ҳар чӣ бештари наврасон аз дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи муосир маҳсуб меёбад. Барои кӯдакону наврасон, пеш аз ҳама, ҷиҳати баланд бардоштани малакаю дониши онҳо бояд шароити хуби таълиму тарбия, таъмини саривақтӣ бо китобҳои дарсӣ ва бадеӣ ба роҳ монда шавад.
Мутаассифона, то ҳол дар аксар муассисаҳои таълимӣ ва китобхонаҳои бачагонаи шаҳру ноҳия ва деҳоти кишварамон дар таъмини кӯдакону наврасон бо китобҳои дарсӣ ва бадеӣ мушкилиҳо ҷой доранд. Хабарнигори рӯзнома дар рӯзҳои баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ин масъаларо ба мушоҳида гирифт.
Аз соли 2012 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии китоби бачагона, ки ҳар сол 2 апрел таҷлил мешавад, Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад. Имсол низ давоми як ҳафта, аз 2 то 9 апрел, дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фестивали мазкур таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа доир гардид. Фестивал аз шартҳои гуногун, аз қабили «Китоби дӯстдоштаи ман», озмунҳои «Расмҳо аз рӯи асарҳои кӯдакона», «Хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО», сабқатҳои «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кӯдакон», «Фаъолтарин китобхона ва хонандаи ҷавон» ва «Ровиёни ҷавон» иборат буд.
Нақшаи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар хуб иҷро шуда, барои иштирокдорони он шароити зарурӣ муҳайё гардида бошад ҳам, вале ҳангоми намоиши китобҳо маълум гардид, ки то ҳол номгӯи китобҳои бадеӣ барои кӯдакону наврасон хеле кам аст. Чунин вазъро дар шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Роғун, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Варзоб ва шаҳри Нораку ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мушоҳида кардем, ки масъулони шаҳру ноҳияҳои зикршуда сабаби асосии онро дар набудани маблағ ва дастрас набудани китобҳои нави бадеии кӯдакона маънидод мекунанд.
Боиси зикр аст, ки эҷод кардани асарҳои ҷавобгӯ ба завқу талаботи хонанда дар замони бархӯрди тамаддунҳо басо муҳим аст. Иқрор бояд шуд, ки ҳоло нашри адабиёти бачагона хеле кам буда, шоиру нависандагоне, ки барои кӯдакону наврасон асар эҷод мекунанд, ангуштшуморанд. Аз ҷониби дигар, он асарҳои бачагонае, ки бо теъдоди кам чоп мешаванд, сари вақт ба дасти хонандагону ихлосмандони хурдсол дастрас намегарданд. Мушкилии дигар сари вақт ва бо теъдоди лозимӣ нашр нашудани асарҳои бачагона мебошад, дар ҳоле ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд соли охир озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» эълон гардида, зоҳир намудани таваҷҷуҳи хоса ба ин масъалаи муҳим масъулияти хосаро талаб мекунад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар ҳама давру замон китоб сарчашмаи хиради инсонӣ ва муайянкунандаи сатҳи маърифатнокии ҷомеа маҳсуб мешавад. Меҳри Ватан, меҳнатдӯстӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, эҳтироми якдигарро донистан ва дараҷаи ҷаҳонбинии инсон тавассути китоб шакл мегирад. Барои муваффақ шудан ба ин ва баланд гардидани сатҳи донишандӯзии инсон бояд аз овони кӯдакию наврасӣ завқу рағбатро ба хондани китобҳои бачагона зиёд намуд, зеро мутолиаи адабиёти бачагона барои рушди зеҳнӣ ва болоравии дараҷаи ҷаҳонбинию саводомӯзии насли наврас мусоидат мекунад. Қироати шеър, афсона ва қиссаю ҳикояҳое, ки аз қаҳрамонии родмардони давр нақл мекунанд, пеш аз ҳама, дар замири ҳар наврас ҳисси ватандӯстӣ ва қаҳрамониро бедор мекунад.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»