Дар Рӯшон бунёди неругоҳҳои барқӣ вусъат меёбад

№93 (4833) 26.07.2024

Дар ноҳияи Рӯшон ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 150 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Барои татбиқи лоиҳаҳои бунёдии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ аллакай 72 миллиону 919,6 ҳазор сомонӣ масраф шуда, ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, иловатан ҷалби сармояи хориҷӣ ва амалисозии 53 лоиҳа ба маблағи 340 миллиону 307,5 ҳазор сомонӣ дар назар аст.

 Дар бахши энергетикии ноҳия дар доираи Лоиҳаи «Барқкунонии деҳоти Тоҷикистон» маҳаллаҳои аҳолинишини водии Бартанг пурра соҳиби барқ хоҳанд гардид. Ин лоиҳа аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда, аз тарафи ширкати «Помир энерҷӣ» амалӣ мегардад.

 Шурӯъ аз фасли тирамоҳи соли 2023 дар ҳафт деҳаи водии Бартанг сохтмони неругоҳҳои хурди барқӣ оғоз ва дар деҳаҳои Равмед, Даржомч, Аҷирх марҳилаи банақшагирии техникӣ ба охир расида, сохтмони сарбанду бинои агрегатҳо ва насби таҷҳизоти барқӣ оғоз гардидааст.

 Неругоҳҳои хурди барқи обӣ барои истеҳсоли қувваи барқи аз 20 то 220 кВт вобаста ба эҳтиёҷу ниёзи сокинон сохта мешаванд, ки корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Назрӣ» ва ҶДММ «Мулк 1» бар зимма доранд.

 Дар бунёду навсозии иншооти ноҳия сокинони маҳаллӣ бо маоши арзанда ҷалб шудаанд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»